Амрико оромиши минтақаи “АСЕАН”-ро барҳам задааст

Вазири хорҷаи Русия дар изҳороте аз сиёсатҳои Амрико дар минтақаи ҷануби шарқи Осиё интиқод кард.

 

Вазири хорҷаи Русия дар изҳороте аз сиёсатҳои Амрико дар минтақаи ҷануби шарқи Осиё интиқод кард.

Ба гузориши хабаргузории вебгоҳи “Спутник”, “Сергей Лавров”, вазири хорҷаи Русия имрӯз якшанбе таъкид кард: Амрико дар барҳам задани оромиш дар минтақаи “АСЕАН” ва эҷоди ихтилоф миёни аъзои он муваффақ будааст.

Вай афзуд: Исрори Амрико ва шуракои ғарбии он ба гунҷондани арзёбиҳои ғайри қобили қабул дар бораи ҷанги Украина, мӯҷиби адами судури баёнияи поёнии муштарак аз сӯи кишварҳои ширкат кунанда дар иҷлоси АСЕАН шуд.

Вай афзуд: Пофишории Амрико ва шуркоии ғарбии он, мӯҷиб шуд кишварҳои ширкат кунанда ба иҷмоъ нарасанд ва ин масъала ба далели пофишории онҳо бар афзудани бандҳои маддиназарашон ба баёнияи поёнӣ буд.

Сергей Лавров тасреҳ кард, ки агар ҳадафи Амрикоиҳо барҳам задани оромиш ва эҷоди ихтилоф дар байни аъзои АСЕАН будааст, метавон гуфт онҳо дар таҳаққуқи ин ҳадаф муваффақ будаанд.

Гуфтнӣ аст Иттиҳодияи ҷануби шарқ Осиё, мавсум ба АСЕАН дар соли 1967 бо ҳузури 5 кишвари Индонезия, Малайзия, Филиппин, Сингапур ва Таиланд оғоз ба кор кард ва бо пайвастани Бруней, Камбоҷа, Лаос, Миёнмор  ва Ветнам дар поёни қарни бистум, ин иттиҳодия, густариш ёфт. Бо вуҷуди инки дар ибтидои шаклгирии ин иттиҳодия бар мабнои таъкид бар масоили иқтисодӣ буд, аммо баъдҳо рӯйкардҳои сиёсии он низ тақвият шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад