Мактуби Тоҷикистон ба Эрон барои маълум кардани шахсияти ҳамлагар ба Шоҳчароғ

Сафорати Тоҷикистон дар Эрон барои рӯшани андохтан ба қазияи ширкати Субҳон Комронӣ ном шаҳрванди Тоҷикистон, ки гуфта мешавад, моҳи гузашта дар як ибодатгоҳи шиаёни Эрон 13 касро кушт, ба мақомоти расмии Эрон мактуб ирсол кардааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Эрон барои рӯшани андохтан ба қазияи ширкати Субҳон Комронӣ ном шаҳрванди Тоҷикистон, ки гуфта мешавад, моҳи гузашта дар як ибодатгоҳи шиаёни Эрон 13 касро кушт, ба мақомоти расмии Эрон мактуб ирсол кардааст.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, дар робита ба даст доштани шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳамала ба иботадгоҳи Шоҳчароғи Шероз аз ҷониби мақомоти Эрон мактуби расмӣ дастрас накардаанд.

Аз ин ниҳод гуфтаанд :

“Баъди пахши хабарҳо дар бораи он ки гӯё яке аз гумонбарони ҳамла шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Субҳон Комронӣ аст, Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ба мақомоти ин кишвар барои рӯшани андохтан ба масъала мактуби расмӣ ирсол намуд ва ҳоло интизори посух аст”.

Қаблан, 7-уми ноябри соли равон, “ИРНА”, хабаргузории расмии Эрон навишт, марде, ки моҳи гузашта дар ибодатгоҳи аслии шиаён 13 танро кушт, шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Ин хабарро ҳамчунин, нашрияи “Ассошиэйтед Пресс” бознашр кард ва навишт, ки Субҳон Комронӣ чанд  рӯз пас аз ҳамлаҳои рӯзи 26 октябри соли равон бар асари захмҳои бардоштааш ҳангоми боздошт, дар бемористоне, дар ҷануби Эрон, даргузаштааст.

“ИРНА” бо истинод ба вазорати истихбороти Эрон навиштааст, ки ҳамроҳи марди ҳамлагар ҳамчунин, шаҳрванди Афғонистон бо номи Муҳаммад Ромиз Рашидӣ низ будааст. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки гумонбари сеюм аз Озарбойҷон ва ҳамоҳангсози асосии ин ҳамла дар шаҳри Теҳрон ба шумор мерафтааст.

Ба гузориши хабаргузории “ИРНА”, мақомот 26 гумонбарро боздошт кардаанд ва эҳтимол онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ иртибот доштанд ва “ҳамаи онҳо шаҳрвандони Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Афғонистон ҳастанд”.

Дар хабари ин расона бидуни зикри мушаххасот гуфта мешавад, ки баъзе аз гумонбарон айни чунин ҳамларо дар шаҳри Зоҳидони вилояти Сиистону Балуҷистон ба нақша гирифта буданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба ибодатгоҳи Шоҳчароғи шаҳри Шероз, ки яке аз панҷ масҷиди калони пайравони мазҳаби шиа дар Эрон аст, 26-уми октябр рӯй дод. Гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ё ДОИШ* масъулияти ҳамларо ба уҳда гирифт.

Эрон дар аввал гуфт, 15 нафар кушта шуд, аммо баъд аз санҷиши дубора шумори қурбониёнро 13 нафар номбар кард.

Дар ҳамин ҳол, аз Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки 8-9-уми ноябр ҷиҳати поси хотири қурбониёни ин ҳамлаи пурқурбонӣ маросими ёдбуд баргузор карда шуд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Сомонаи хабарӣ-таҳлилии Tajikpress ҳамлаи террористӣ ва ваҳшиёна ба ҳарами Шоҳчароғ дар Шерози Эронро маҳкум мекунад.

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

وَلَا تَحْسَبَنَّ الَّذِینَ قُتِلُوا فِی سَبِیلِ اللَّهِ أَمْوَاتًا بَلْ أَحْیَاءٌ عِنْدَ رَبِّهِمْ یُرْزَقُونَ

“Ва ҳаргиз гумон мабар касоне, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд, мурда ҳастанд, балки зиндаанд, назди Парвардигорашон рӯзӣ дода мешаванд.” (Сураи Оли Имрон, ояти 169).

Ҳодисаи ғамангези ҳамлаи террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғ дар Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки сабаби шаҳодату захмӣ шудани теъдоде аз мардуму зоирони бегуноҳ гардид, бори дигар авҷи палидии истикбори ҷаҳонӣ аз ҷумла Амрико, режими саҳюнистӣ ва муздурону муттаҳидони кинатӯзи онҳоро намоён карду нанги дигаре бар корномаи нангини онҳо афзуд.

Ба яқин рӯзгори душманони мусалмоннамои Ислом ба сар омада ва ҳар рӯз, ки мегузарад, аз яксӯ миллатҳо бедортару ҳушёртар ва аз сӯи дигар арбобони саҳюнистҳо ва ҳаракатҳои такфирӣ дар минтақа расвотар мешаванд. Ин ҷинояти ғайриинсонӣ, ки тарҳрезишуда аз ҷониби шайтонсифатону ҳимоятгарони кӯрдилу ҷинояткори онон аст, як бори дигар чеҳраи ҳақиқии зиддиинсонии онҳоро дар қатли мардуми бедифоъ ошкор кард; дастҳои ҷинояткори саҳюнизми ҷаҳонӣ аз остини ҷоҳилону пастсифатони ваҳҳобӣ-такфирӣ берун омаду ҷамъе аз мардону занону кӯдакони миллати азизу дӯст ва бародарамонро ба хоку хун кашонд.

Бар асоси гузориши Вазорати иттилооти ҶИЭ, дар байни омилони ҳодисаи дилхароши террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғ як шаҳванди Тоҷикистон ҳам, ки бар асари вуҷуди заминаҳои нуфузи ДИИШ аз ҷумла фақр, ифротгароӣ, нуфузи ваҳҳобият ва ғайра, дар саффи гурӯҳҳои террористӣ қарор доштааст, ки миллати бузурги Эронро чунин доғдор кардааст; ба яқин иқдоми ин шахси фиребхӯрда, заррае ҳам байни бародарию дӯстии ду миллати Тоҷикистону Эрон таъсир нахоҳад расонд ва ду кишварро ба муборизаи муштарак бо иқдомоти террористӣ ва муқобила бо таҳдидҳои амниятӣ даъват мекунад.

Сомонаи хабарӣ-таҳлилии “Tajikpess” зимни маҳкумияти ин ҳодисаи террористӣ-такфирӣ, безорӣ ва нафрати худро аз тамомии ҳаракатҳои террористӣ дар минтақа ва инчунин аз тамоми омилони ин ҷинояти кӯрдилона иброз медорад. Ҳайати хабарии ин сомона ба миллати шаҳидпарвари ҶИЭ таслият, барои он азизону шаҳидон раҳмат ва барои хонаводаҳову пайвандонашон сабру истиқомат талаб мекунад.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

Сомонаи хабарӣ-таҳлилии Tajikpess

8.11.2022

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад