Изҳори таслияти вазири хориҷа дар пайванд бо ҳамлаи террористӣ дар ҶИЭ

Вазири хориҷа бо ҳузур дар сафорати ҶИЭ ба давлат ва мардуми бародари Эрон дар иртибот ба фоҷеаи ҳамлаи террористӣ таслият гуфт.

Вазири хориҷа бо ҳузур дар сафорати ҶИЭ ба давлат ва мардуми бародари Эрон дар иртибот ба фоҷеаи ҳамлаи террористӣ таслият гуфт.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо ҳузур дар сафорати ҶИЭ ба давлат ва мардуми бародари Эрон дар иртибот ба фоҷеаи ҳамлаи террористӣ ибрози таслият намуд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз 10 ноябри соли 2022 бо ҳузур дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе, аз номи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлат ва мардуми бародари Эрон дар иртибот ба фоҷеаи ҳамлаи террористии чанд рӯз қабл дар шаҳри Шероз ибрози таслият намуд.

Сироҷиддин Муҳриддин паёми ҳамдардиро дар китоби махсуси таъзия, ки ба ин муносибат дар сафорати Эрон боз шуда буд, дарҷ карда, зимни маҳкумияти шадиди ҳамлаи террористӣ ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ дар шаҳри Шерози ҶИЭ, барои қурбониён биҳишти барин ва барои маҷрӯҳон шифои комил орзу намудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад