50 ҳазор неруи тозанафас ба артиши Русия дар набарди бо Украина пайвастаанд

Раиси ҷумҳури Русия аз изофа шудани 50 ҳазор неруи тозанафс ба артиши Русия дар набарди бо Украина хабар дод.

 

Раиси ҷумҳури Русия аз изофа шудани 50 ҳазор неруи тозанафс ба артиши Русия дар набарди бо Украина хабар дод.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, раиси ҷумҳури Русия аз афзуда шудани 50 ҳазор низомии тозанафс ба артиши Русия дар набарди бо Украина хабар дод.

Шабакаи хабарии “Ал-Арабия”, ба нақл аз хабаргузории “Интерфакс” навишт, ки “Владимир Путин”, раиси ҷумҳури Русия рӯзи душанбе гуфт 50 ҳазор рус, ки ба унвони бахше аз амалиёти фарохони ӯ эҳзор шудаанд, акнун бо ягонҳои размии Русия дар Украина меҷнганд.

Путин гуфт, 80 ҳазор низомӣ дар минтақаи амалиёти низомии вежа ва 320 ҳазор низомӣ дар урдугоҳҳои омӯзишӣ дар Русия ҳастанд.

Вай гуфт: «Мо акнун 50000 нафар дар ягонҳои разми дорем. Бақия ҳанӯз дар ҷанг ширкат накардаанд.»

Путин дар моҳи сентябр дар як фарохон дастури пайвастани садҳо ҳазор ҷангҷуи ҷадид барои набарди бо Украинаро содир кард.

Раиси ҷумҳури Русия дар моҳи сентябр фармони басиҷи маҳдуди неруҳоро содир кард, ки тайи он 300 ҳазор нафар аз афроде, ки омӯзишҳои низомии ибтидоиро гузарондаанд барои омӯзишҳои такмилӣ ва эъзом ба манотиқи ҷангии Украина фарохонда шуданд.

Путин бо баёни инки фармони басиҷ бахше аз неруҳои низомиро имзо карда, гуфт: «фармони басиҷи ҷузъи тадобири бештаре барои дифоъ аз кишвар дар назар гирифтааст. Ба давлат дастур дода шуд то ҳимоятҳо аз артишро бештар карда ва будҷаи низомиро афзоиш диҳад.»

Раиси ҷумҳури Русия, ки кишвараш аз таърихи 24 феврали 2022 амалиёти низомии вижа дар Украинаро бо ҳадафи нозизудоӣ ва халъи силоҳи Киев ба иҷро даровард бо изъон ба вуҷуди мушкилот дар иҷрои тарҳи басиҷи неруҳои захира, вуҷуди ин мушкилотро «ғайриқобили иҷтиноб» дониста ва гуфт, амалиёти Украина лузуми эъмоли «ислоҳот» дар неруҳои мусаллаҳи Русияро нишон дод.

Дар ҳамин робита, вазорати дифоъи Русия ба тозагӣ оғози хидмати иҷборӣ дар фасли поизро оғоз карда ва тибқи эъломи ин вазоратхона 120 ҳазор нафар дар соли ҷорӣ ба хидмати иҷборӣ фарохонда мешаванд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад