Лукашенко: дар Аврупо раҳбарони воқеӣ вуҷуд надорад!

Лукашенко, президенти Беларус гуфт, ки раҳбарони воқеӣ дар кулли Аврупо вуҷуд надорад ва ин кишварҳо ҳатто наметавонанд оташи ҷанг дар хонаҳояшонро хомӯш кунанд.

Лукашенко, президенти Беларус гуфт, ки раҳбарони воқеӣ дар кулли Аврупо вуҷуд надорад ва ин кишварҳо ҳатто наметавонанд оташи ҷанг дар хонаҳояшонро хомӯш кунанд.

Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус гуфт, ки дар ҳоли ҳозир на дар Олмон ва на дар тамоми Аврупо раҳбарони воқеӣ вуҷуд надорад ва ҳатто агар раҳбароне дар ин кишварҳо бошанд, ҳатто наметавонанд оташи ҷанг дар хонаҳояшонро хомӯш кунанд.

Вай, ки бо нашрияи Белто мусоҳиба мекард, гуфт: «аврупоиҳо ин ҷангро намехоҳанд ва медонанд, ки ин ҷанг имрӯз дар Украина аст, аммо онҳо дар талош барои ҷараққа задани оташ дар Беларус ҳастанд, аммо бояд бидонанд, ки шарораҳои ин оташ фардо тамоми Аврупоро фаро хоҳад гирифт».

Пеш аз ин низ раисҷумҳури Беларус дар мусоҳибаи 14 октябр бо шабакаи NBC дар ҳошияи нишасти кишварҳои мустақилли муштаракулманофеъ дар Остона, пойтахти Қазоқистон гуфт, роҳи ҳал барои даргирӣ дар Украина метавонад давоми як ҳафта пайдо шавад.

Раисҷумҳури Беларус гуфт: «ҳама чиз ба Амрико ва Англис бастагӣ дорад. Агар фардо ба ин дарк бирасед, ки бояд сари мизи музокира бинишинем ва роҳи ҳалле биёбем, бовар кунед, дар тӯли як ҳафта роҳи ҳалол меёбем.»

Лукашенко дар хусуси музокироти сулҳ ҳам бори дигар бо таъкид бар дар авлавият қарор доштани таваққуфи ҷанг, гуфт: «раванди музокирот оғоз шуд, аммо баъд мутаваққиф шуд. Зиленский аз музокирот манъ шуд. Тавассути чӣ касе? Ӯ мустақил нест.»

Лукашенку дар ин мусоҳиба ҳамчунин гуфта буд, на Беларус, на Русия намехоҳанд шиддати таниш дар вазъияти феълӣ бештар шавад, аммо дар вокуниш ба иқдомоти ғарб маҷбур ба дифоъ аз худашон ҳастанд.»

Вай дар ин хусус тавзеҳ дод: «ҳеҷ навъ аз ташдиди танишро хостор нестам. Бо Владимир Путин сӯҳбати кӯтоҳе дар бораи ин масъала доштаем. Ҳеҷ кас чунин чизе намехоҳад. На Беларус на Русия. Ҷони инсонҳо барои мо боарзиш аст. Аммо ҳатман дарк мекунед масъала танҳо вобаста ба мо нест. Ба маҳзи инки кишварҳои ғарбӣ тасмим ба муқобила бо ташдиди таниш бигиранд, дигар танише вуҷуд нахоҳад дошт. Мо исрор ба ташдиди таниш надорем, мо танҳо аз худамон дифоъ мекунем.»

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад