Намоишгоҳи фарҳангию ҳунарии ҶИЭ дар Душанбе

Намоишгоҳи осору дастовардҳои фарҳангиву ҳунарии ҶИЭ бо ҳузури ҷамъи зиёде аз алоқамандон ба фарҳангу ҳунари эронӣ дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд.

Намоишгоҳи осору дастовардҳои фарҳангиву ҳунарии ҶИЭ бо ҳузури ҷамъи зиёде аз алоқамандон ба фарҳангу ҳунари эронӣ дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд.

Намоишгоҳи осору дастовардҳои фарҳангиву ҳунарии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳузури Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ, вазири фарҳангу иршоди исломии ҶИЭ, Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири ин кишвар, Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон ва дигар мақомоту шахсиятҳои тоҷик ва ҳамчунин ҷамъи зиёде аз алоқамандон ба фарҳангу ҳунари эронӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд.

Вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон дар суханоне ёдовар шуд, ки ин намоишгоҳ дар шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоб низ баргузор шудаву фурсати ошноии ҳарчӣ бештари мардуми кишвари дӯсти Тоҷикистон бо осору ҳунари эрониён дар ҳавзаҳои мухталифро фароҳам хоҳад кард.

Исмоилӣ бо баёни инки дар як моҳи пеш шоҳиди баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар ҶИЭ, аз ҷумла дар Теҳрон, Шероз ва Табрез будем, гуфт: “шаклгирии чунин иқдомоте нишондиҳандаи он аст, ки аҳолии фарҳангу ҳунари ду кишвар бо таҷлил аз гузаштаи пурифтихори худ, бо иттиҳоду якпорчагӣ дар канори ҳам қарор гирифта ва ба дунболи ифои нақши муассир дар густариши мубодилоти фарҳангӣ ва ҳунарӣ ҳастанд”.

Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон ҳам бо ишора ба алоқамандии Теҳрон ва Душанбе нисбат ба афзоиши ҳамкориҳои фарҳангӣ таъкид кард, ки дар ин намоишгоҳ осори зебову пурарзише дар ҳавзаҳои мухталиф аз тарафи ҳунармандони эронӣ муаррифӣ шуда, ки дар ҳақиқат ҷилваҳое аз таъриху тамаддуни бостонии муштарак будаву эҳсоси ифтихор меофаринад.

Давлат Сафар таъкид кард, дӯстӣ миёни Тоҷикистону Эрон решаи ҳазорсола дорад ва вазифаи муқаддаси мост, то онро ҳифз ва ҳимоят кунем.

Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири ҶИЭ дар Тоҷикистон зимни сӯҳбат дар ин маросим, аз он хабар дод, тайи ин рӯзҳо садҳо паём аз ҷониби мардуми Тоҷикистон ва Эрон дарёфт кардааст, ки нишондиҳандаи ризоят ва хурсандии онҳо аз иқдомоти муҳими фарҳангӣ аз ҷумла баргузории рӯзҳои фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон дар кишварҳои якдигар аст.

Собирӣ эҷоди фазои ҷадид дар равобити ду кишвари ҳамзабонро натиҷаи ирода ва ҳусни нияти руасои ҷумҳури Эрон ва Тоҷикистон донист.

Сафири ҶИЭ аз вазирони фарҳанги ду кишвари дӯсту бародар барои талошҳои ҷиддӣ дар ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ ташаккур кард ва гуфт: “ҳузури вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон ба ҳамроҳи ду нафар аз муовинон, намояндаи Маҷлиси шӯрои исломӣ ва дигар мақомоти масъули эронӣ нишонаи аҳамияти сафар ва эҳтиром ба Тоҷикистон аст”.

Собирӣ бо ишора ба дидор ва музокироти вазирони фарҳанги ду кишвар гуфт, ки дар оянда шоҳиди рӯйдодҳои муҳиме дар арсаи фарҳанг ва ҳунар хоҳем буд, ки сабаби таҳкими ҳарчи бештари равобит миёни Эрон ва Тоҷикистон хоҳад шуд.

Муҳаммадалии Киёнӣ, мудири кулли ҳамкориҳои фарҳангӣ ва умури эрониёни хориҷ аз кишвар дар Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт: “баргузории ин намоишгоҳ дар ҷиҳати тақвият ва густариши таомулоти фарҳангӣ байни ду кишвари дӯст ва ҳамзабон аст. Дар ин намоишгоҳ беш аз 60 ҳунарманди хушном аз устонҳои мухталифи ҶИЭ дар ҳавзаҳои мусиқӣ, саноеи дастӣ, фарш ва гилем, ҳунарҳои суннатӣ, таҷассумӣ, нигоргарӣ, наққошӣ, хат, наққошии хат, муаррифии китобҳо ва тандиси шоирони эронӣ ва… осори худро муаррифӣ кардаанд.

Киёнӣ ибрози умедворӣ кард, ки бо баргузории барномаҳои мутанаввеъ дар чорчуби ҳафтаи фарҳангии Эрон дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон, ҳафтаи фарҳангӣ заминаи муносиб барои густариши равобити фарҳангӣ байни ду кишвар бештар фароҳам хоҳад шуд.

Вай гуфт, ки Эрон ва Тоҷикистон ду кишвари ҳамзабон, ҳамфарҳанг, дӯст ва бародар ва ба таъбире як рӯҳ дар ду пайкар ҳастанд, ки таъмиқи равобити фарҳангӣ ва ҳунарӣ метавонад ба таҳким ва густариши ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ низ кумак кунад.

Шоёни зикр аст, ки бо ҳузури вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ ҳамчунин рӯнамоӣ аз албоми осори олии хушнависӣ бо унвони “чароғи дӯстгонӣ”, ки тавассути устод Коваи Таймурӣ таълиф ва нигориш шудааст, баргузор шуд.

Намоиши филмҳои эронӣ, иҷрои мусиқӣ, нишастҳои адабӣ, шоҳномахонӣ, наққолихонӣ, ҳунари зӯрхонаию паҳлавонӣ аз дигар бахшҳои рӯзҳои фарҳангии ҶИЭ дар Тоҷикистон аст.

ҶИЭ

ҶИЭ

ҶИЭ

ҶИЭ

ҶИЭ

ҶИЭ

ҶИЭ

ҶИЭ

ҶИЭ

ҶИЭ

ҶИЭ

ҶИЭ

ҶИЭ

ҶИЭ

ҶИЭ

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад