Таъкид ба зарурати афзоиши амнияти Қафқоз дар нишасти СПАД

Нишасти фавқулодаи Шӯрои амниятии ҷамъии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар қолаби видео-конфронс, баргузор шуд.

Нишасти фавқулодаи Шӯрои амниятии ҷамъии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар қолаби видео-конфронс, баргузор шуд.

Дар нишасти фавқулодаи шӯрои амнияти ҷамъии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки ба сурати маҷозӣ баргузор шуд, бар аҳамияти тақвияти иқдомоти сиёсӣ ва дипломатик барои оддисозӣ ва беҳбуди амният дар Қафқоз, таъкид шуд.

Дар ҷараёни ин нишаст Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон, Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус, Қосим-Жомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Станислав Зас, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат карданд.

Сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар ҷараёни ин нишаст гузориши дабири кулли ин созмон дар мавриди натоиҷи кори ҳайати паймони амнияти ҷамъӣ дар Арманистон тайи рӯзҳои 15 то 24 сентябри имсолро шуниданд.

Дар ҷараёни ин нишаст ба аҳамияти тақвияти иқдомоти сиёсӣ ва дипломатик барои оддисозии авзоъ ва беҳбуди амният дар Қафқоз аз ҷумла бар асоси изҳороти сеҷонибаи сарони кишварҳои Русия, Арманистон ва Озарбойҷон, таъкид шуд.

Раисҷумҳур Тоҷикистон дар суханоне зимни таъйиди азми кишвараш барои идомаи тааҳҳудоти ҳампаймони худ дар чорчуби Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба лузуми иттихози тадобири муассир дар чорчуби ин созмон барои тавсеаи бештари системи вокуниш дар баробари буҳрон, ишора кард.

Раисҷумҳури Қазоқистон ба навбаи худ таъкид кард, ки муноқиша бояд мунҳасиран аз роҳҳои мусоламат омез ва аз тариқ абзорҳои сиёсӣ ва дипломатик ҳал ва фасл шавад.

Дар поёни ин нишаст, сарони кишварҳо ба шӯрои вазирони умури хориҷа дастур доданд, ки кумаки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар тасбити вазъият дар марзи Арманистон ва Озарбойҷон идома ёбад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад