Амрико ва Аврупо ба думболи инҳирофи таваҷҷӯҳот аз Фаластин ҳастанд

Намояндаи Русия дар Созмони Милал бо муқассир донистани Амрико ва Аврупо дар ташдиди буҳрони Фаластини ишғолӣ, гуфт, ки замони бардоштани гоми воқеӣ тавассути шӯрои амният барои ислоҳи ин вазъият расидааст.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Василий Небензия”, намояндаи Русия дар Созмони Милал таҳлил кард, ки Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо мехоҳанд таваҷҷӯҳро аз буҳрони Фаластин ва режими муваққати саҳюинстӣ мунҳариф кунанд.

Василий Небензия, шомгоҳи ҷумъа тайи нишасти шӯрои амнияти Созмони Милал гуфт, замони ислоҳи вазъияти буҳронии Фаластин бо иҷрои қатъномаҳо дар мавриди ҳаллуфасли ин буҳрон, фаро расидааст.

Ба навиштаи вебгоҳи “РИА Новости”, вай дар инбора тавзеҳ дод: «шӯрои амният воқеан мадюни Фаластиниҳо аст. Қатъномаҳои шӯрои амният ва маҷмаъи умумии Созмони Милал даҳаҳост, ки иҷро намешванд. Ҷолиб аст, ки чаро касоне, ки дар воқеъ худашон монеъи онҳо мешаванд, дар ин маврид гузориш намедиҳанд».

Ин дипломати рус бо баёни инки замони бардоштани гоми воқеӣ тавассути шӯрои амният барои ислоҳи ин вазът расида, изҳор дошт, ки нишасти имрӯзи шӯрои амният дар бораи вазъияти ховари Миёна дар пай иташдиди танишҳо байни Фаластинён ва саҳюнистҳо дар арозии ишғолӣ, Каронаи Бохтари аз ҷумла Қудси шарқӣ ва ҳамчунин дар атрофи Навори Ғазза баргузор шуд.

Тибқи ин гузориш, Василий Небензия ҳамчунин афзуд: «Мо аз ҳама мехоҳем хештандорӣ нишон диҳанд, фавран аз хушунат ва иқдомоти таҳрикомез худдори кунанд. Хушунат метавонад гомҳои якҷонбае монанди тасарруфи замин, шаҳраксозӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ, ихроҷи Фаластиниҳо ва тахриби хонаҳои онҳо, салби моликият, дастгириҳои худсарона тавассути Исроил бошад».

Вай дар бахши дигаре аз сӯҳбатҳояш бо баёни инки Амрико ва Аврупо ба думболи инҳирофи таваҷҷӯҳот аз буҳрони Фаластин ҳастанд, таъкид кард: «Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо саҳми ҷиддӣ дар шароити душвор дар даргирии Фаластин ва Исроил доранд».

Ба навиштаи РИА Новости, намояндаи Русия дар Созмони Милал гуфт: «Вашингтон ва Брюссел бо эъломи лузуми авлавият бандии соири буҳронҳо дар талош ҳастанд то таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро аз даргириҳои минтақаӣ ҳод, аз ҷумла даргирии Фаластин ва Исроил, ки барои ховари Миёна калидӣ аст, мунҳариф кунанд».

Небензия дар инбора изофа кард: «Таомули миёнҷигарони байналмилалии гурӯҳи чаҳорҷонибаи ховари Миёна маҳдуд шудааст. Таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки ин аввалин бор нест, ки чунин иттифоқе меафтад. Ҳамкорони мо ҳамеша баҳонаҳое хоҳанд дошт, ки чаро омодаи кори ҷиддӣ барои дастёбӣ ба сулҳ байни Фаластиниҳо ва Исроилиҳо нестанд».

Бомдоди сешанбе буд, ки дар муқовамати мусаллаҳонаи ҷавонон ва размндагони фаластинӣ бо нуфузи авомили махфии режими саҳюнистӣ ба Наблус, се нафар шаҳид ва нуздаҳ тан захмӣ шуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад