Паёми таслияти президенти Туркманистон ба президенти ҶИЭ

 Раисҷумҳури Туркманистон дар пайи ҳамлаи террористи ба ҳарами Шоҳчроғ дар Шероз паёми таслият ба Сайид Иброҳими Раисӣ, президенти ҶИЭ ирсол кард.

Раисҷумҳури Туркманистон дар пайи ҳамлаи террористи ба ҳарами Шоҳчроғ дар Шероз паёми таслият ба Сайид Иброҳими Раисӣ, президенти ҶИЭ ирсол кард.

Сардор Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон дар паёме шаҳодати мардуми бедифоъ бар асари ҳамлаи террористӣ дар ҳарами Аҳмад ибни Мӯсо(а)-ро ба Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон таслият гуфт.

Дар ин паём омадааст: «Туркманистон қотеона бо ҳаргуна мазоҳири терроризм ва ​​ифротгароӣ мухолиф аст ва аз талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муқобила бо ин шарорат ҳимояти комил мекунад».

Раисҷумҳур иТуркманистон дар идомаи ин паём бо хонаводаи қурбониёни ин ҳодисаи террористӣ ибрози ҳамдардӣ кард ва барои маҷрӯҳон орзуи шифои оҷил намуд.

Қайд карда мешавад, ки соат 17:45 рӯзи чаҳоршанбе фарди мусаллаҳ ба шеваи террористҳои такфирӣ бо тирандозӣ аз беруни ҳарами Шоҳчароғ ба мардуми дохили ҳарам ҳамла кард. Як соат пас аз ин ҳамлаи хунину дилхарош, гурӯҳи терроирстии ДИИШ ӯҳдадори ин ҳамлаи террористӣ шудааст.

Ин ҳамлаи террористӣ дар яке аз пуриздиҳомтарин соатҳо дар ҳарами Шоҳчароғ рӯй дода ва то кунун сабаби шаҳодати 15 нафар аз ҷумла 2 кӯдак ва захмӣ шудани 27 нафар аз зоирон шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад