Ҷанги сахт байни Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Толибон дар Бадахшон

Тибқи гузоришҳо, тайи чанд рузи ахир дар вилояти Бадахшон Афғонистон миёни Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ даргириҳои сахт рух додааст. Ҳар ду ҷониб иддао доранд, ки ба якдигар талафоти вазнин ворид кардаанд.

Масъулини ҳукумати Толибон гуфтаанд, ки дар даргириҳо дар ин вилоят ҳудуди 40 тан аз афроди Ҷабҳаи муқовимати миллиро куштаанд. Аммо як узви Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ин оморро рад карда ва гуфт, ки талафоти Толибон нисбат ба талафоти онҳо бештар аст.

Бадахшон аз ҷумлаи вилоятҳое аст, ки ахиран даргириҳо миёни Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Толибон дар он шиддат гирифтааст.  Муиззиддин Аҳмадӣ, раиси иттилоот ва фарҳанги ҳукумати Толибон дар вилояти Бадахшон гуфт, дар ин амалиёт, ки аз як ҳафта ба ин тараф оғоз шудааст, 38 “бағоватгар” (Толибон мухолифони худро ҳамин тавр хитоб мекунанд) кушта ва 78 тани дигар асир шудаанд. Ӯ мегӯяд, ки ду фармондеҳи муҳими Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо номҳои Абдулҳамид ва Саид Баҳриддин дар миёни кушташудаҳо ҳастанд.

Аммо яке аз аъзои Ҷабҳи муқовимати миллӣ, ки дар минтақа ҳузур дорад ва нахост номаш ошкор шавад, ин оморро рад кард гуфт, талафоти нерӯҳои онҳо камтар аз Толибон аст. Ӯ кушта шудани ду тан аз фармондеҳони ин ҷабҳаро таъйид кард, аммо афзуд, ки онҳо даҳҳо нафар аз афроди Толибонро кушта ва захмӣ кардаанд.

Файзиддин Ғиёсӣ, сокини вилояти Бадахшон ва таҳлилгари умур гуфт, маълумоти дарёфтии онҳо нишон медиҳад, ки дар даргириҳо 69 тан аз афроди Толибон кушта шудаанд. Ӯ иддао кард, ки дар минтақа ғайринизомиён ба иттиҳоми доштани робита бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ боздошт ва шиканҷа шудаанд.

Файзиддин Ғиёсӣ афзуд: “Дар минтақаҳои наздик ба ҷанг ба мардум фишор оварданд ва лату кӯб карданд. Аз ин минтақаҳо мардум ба марказ ва бархе минтақаҳои дигар паноҳ бурданд”.

Аммо Абдунофеъ Такур, сухангӯи вазорати дохилии ҳукумати Толибон ин гуфтаҳоро рад кард. “Ҳар касе, ки дар баробари низоми кунунии Афғонистон меистад, мухолифат мекунад ва ё дар баробараш бағоват (саркашӣ) мекунад, нерӯҳои амниятӣ дар баробарашон меистанд”.

Аз сӯи дигар, ҳизби Ҷамъияти исломӣ бо раҳбарии Салоҳиддин Раббонӣ шоми якшанбе бо нашри эъломия, амалиёти оғозшуда аз тарафи Толибон дар Бадахшонро маҳкум кард ва онро хилофи меъёрҳои исломӣ ва инсонӣ номид. Дар ин эъломия омадааст, афроде, ки дар Бадахшон силоҳ бардоштаанд, ин корро барои муҳофизат аз ватан ва обрӯи худ кардаанд.

Ҳамзамон бо ин, Сибғат Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ гуфтааст, ки Толибон дар Тахор ҳам талафот додаанд. Вай дар сафҳаи “Твиттер”-аш навишт, ки дар даргирии нерӯҳои онҳо бо Толибон дар Тахор 8 нафар толиб кушта ва 6 тани дигари онҳо захмӣ шудаанд.

Толибон ба таври расмӣ дар бораи даргириҳои оғозшуда дар Тахор чизе нагуфтаанд.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ пеш аз ин дар вилоятҳои Сарипул, Парвон, Бағлон ва Панҷшер бо Толибон даргир шуда буд ва ҳар ду тараф иддао карда буданд,, ки талафоти вазнин ба якдигар ворид кардаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад