Нишасти нави ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ

Дар Сеул панҷумин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид.

Панҷумин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар Сеул баргузор шуд.

Даври панҷуми ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ таҳти раёсати вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва муовини вазири умури хориҷии Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд.

Дар ин мулоқот ҷониби Корея барои сармоягузорӣ ба иқтисоди миллӣ, шомил шудани Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои афзалиятнок барои сармоягузорӣ дар 5 соли оянда ва таъсиси намояндагии доимии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KAICA) дар ин кишвар қадрдонӣ шуд. Ҳамчунин дархост шудааст, то дар шароити душвор ва мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии имрӯзи ҷаҳон сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба таври чашмрасе афзоиш дода шавад ва барои татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноат, энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, кишоварзӣ, иқтисодиёти диҷитолӣ, тағирёбии иқлим, сайёҳӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва кӯмак ба омода кардани мутахассисон дар донишгоҳҳои Кореяи Ҷанубӣ кумак расонида шавад.

Илова бар ин, аз Кореяи Ҷанубӣ дархост карда шуд, ки имконоти фаровони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла маводи хоми фаровон, қувваи кории рақобатпазир ва «энергияи сабз»-и арзон барои таъсиси корхонаҳои истеҳсоли таҷҳизоти мошин ва таҷҳизоти барқӣ, аккумуляторҳо, маҳсулоти дорусозӣ, коркарди нах, пахта, пӯст ва пашм, махсулоти хочагии кишлок, аз чумла мохидорӣ кумак намояд.

Ҷонибҳо бо имзои 4 созишнома миёни мақомоти зирабти Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар бораи афзоиши қобили мулоҳизаи тиҷорат ва сармоягузории дуҷониба ба мувофиқа расиданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад