Тоҷикистон Арманистон хостори таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо ирсоли паём ба Никол Пашинян, сарвазири Арманистон 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишварро шодбош гуфтааст.

Роҳбарони Тоҷикистон ва Арманистон бо зикри он, ки ин ду кишварро риштаҳои таърихии дӯстӣ ва ҳамкорӣ мепайвандад, сатҳи сифатан нави муносиботро муҳим хондаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо ирсоли паём ба Никол Пашинян, сарвазири Арманистон 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишварро шодбош гуфтааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба Пашинян аз ҷараёни инкишофи муносибатҳои дӯстӣ миёни кишварҳо, чӣ дар асоси дуҷониба ва чӣ дар сатҳи бисёрҷониба изҳори қаноатмандӣ кардаст.

Дар паём омадааст: “Алоқаманди густариши рӯзафзун ва тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ бо Арманистон, ки бо он моро риштаҳои таърихии дӯстӣ ва ҳамкорӣ мепайванданд, ҳастем”.

Раҳмон ба Пашинян саломатӣ, дар фаъолияти давлатиааш муваффақиятҳои назаррас ва ба мардуми дӯсти Арманистон сулҳу суботу шукуфоӣ таманно кардааст.

Сарвазири Арманистон низ дар паёми шодбошияш ба Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаст, ки тйии се даҳсолаи гузашта муносибатҳои ду кишвар дар асоси устувори анъанаҳои дӯстӣ, эҳтироми якдигар ва ҳамдигарфаҳмии мардумон рушд ёфтаанд.

Дар паёми Пашинян омадааст: “Итминон дорам, ки муносибатҳои кишварҳои мо иқтидори назаррас доранд ва истифодаи комили он имкон медиҳад, ки ҳамкории байнидавлатии Арманистон ва Тоҷикистон ба сатҳи сифатан нав бардошта шаванд”.

Вай ба Эмомалӣ Раҳомн саломатии бардавом, саодатмандӣ, муваффақият ва ба мардуми Тоҷикистон сулҳу некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу кардаст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад