Ҳимояти Русия барои тарғиби забони русӣ дар кишварҳои Ҳамсуд

Раисиҷумҳури Русия гуфт: "Маскав аз ташаббуси Қазоқистон дар мавриди густариши забони русӣ дар кишварҳои ИДМ пуштибонӣ хоҳад кард».

Раисиҷумҳури Русия гуфт: “Маскав аз ташаббуси Қазоқистон дар мавриди густариши забони русӣ дар кишварҳои ИДМ пуштибонӣ хоҳад кард».

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар нишасти Шӯрои сарони кишварҳои муштаракулманофеъ аз пешниҳоди ҳамтои қазоқаш дар бораи таъсиси созмоне бо номи “Ҳамсуд” барои таблиғи забони русӣ қадрдонӣ кард.

Вай изҳор дошт: «Русия барои таъсиси як созмони байналмиллалӣ барои дастгирӣ ва тарғиби забони русӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кумаки ҳадди аксар мерасонад».

Путин ёдовар шуд, ки моҳи декабри соли 2020 раҳбарони созмон тасмим гирифтанд, ки соли 2023-ро соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар кишварҳои ИДМ эълон кунанд.

Раисиҷумҳури Русия дар идома гуфт: «Мо барои иҷрои тарҳи пешниҳодкардаи раисиҷумҳури Қазоқистон ва густариши забони давлатии Русия дар кишварҳои ҳамсоя кумаки ҳадди аксар мерасонем».

Владимир Путин афзуд: “дар оянда Санкт-Петербург ба пойтахти фарҳангии кишварҳои ИДМ табдил мешавад ва ҳамагон даъват мешавад, ки соли оянда дар он ҷо як нишасти ғайрирасмӣ баргузор кунанд.”

Ёдовар мешавем, ки Қосим Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон пешниҳод кардааст, ки созмони байнулмилалӣ барои пуштибонӣ ва тарғиби забони русӣ таҳти сарпарастии Созмони Ҳамсуд таъсис дода шавад.

Давоми солҳои охир Русия талошҳои бисёре кардааст, ки то натанҳо забонаш ҷойгоҳи худро аз даст надиҳад, балки шаҳрвандону муҳоҷирони кишварҳои қаламрави Осиёи Марказӣ, ки ба ин кишвар сафар мекунанд бо забону фарҳанги Русия бештар ошно бошанд. Ҳамчунин донистани забонро қонуне барои иқомати муҳоҷирон дар кишвар шарт мондааст, то аз ҷиҳат ҷиддияти худро дар масъалаи забони русӣ нишон диҳад ва ин бисёр кумак мекунад, ки забони ин кишвар дар Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи худро таҳким бахшаду фарҳанги ин кишвар дар кишварҳои аз ҷумла аъзои Ҳамсуд камранг нашавад. Аз талошҳои Русия дар Тоҷикистон оид ба густаришу тавсеаи забон ҳам метавон ба сохту ифтитоҳи мактабҳои русизабон дар Тоҷикистон ишора кард, ки кумаки чашмраси ба рушди ин забон дар кишвари ҳатто форсизабон хоҳад кард ва ин рӯйкарде аст, ки мақомоти Русия дар пеш гирифтаанд ва то ҳадде ҳам дар он муваффақ будаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад