Инсирофи Австралия аз ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти Исроил

Ба гузориши расонаҳои Исроил, Австралия аз эътирофи Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ даст кашидааст.

Ба гузориши расонаҳои Исроил, Австралия аз эътирофи Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ даст кашидааст.

Матбуоти Исроил эълон кард, ки Австралия аз эътирофи Қудс ба унвони пойтахти ин режим даст кашидааст.

Бар асоси ин гузориш, расонаҳои режими саҳюнистӣ бо истинод ба рӯзномаи инглисии “Гардиан” зимни эъломи ин хабар афзудаанд: Сомонаи вазорати умури хориҷаи Австралия изҳороти нахуствазири собиқи ин кишварро дар бораи эътирофи Қудс ҳамчун пойтахти Исроил аз портали худ ҳазф кардааст.

Ин хабар дар ҳолест, ки Австралия қаблан эълом карда буд, ки Қудсро ба ҷои Тел-Авив пойтахти Исроил эътироф мекунад.

Дар миёнаҳои моҳи декабри соли 2018 Скотт Моррисон, нахуствазири собиқи Австралия дар як суханронӣ эълом дошт, ки дар фикри эътирофи Қудс ба унвони пойтахти Исроил ва интиқоли эҳтимолии сафорати Австралия ба ин шаҳр аст. Дар ҳамин ҳол, Моррисон гуфт, интиқоли сафорати кишвараш аз Тел-Авив ба Қудс ба натоиҷи раванди сулҳи миёни Исроил ва фаластиниҳо бастагӣ дорад.

Бояд гуфт, ки намояндагони мухолифони Австралия дар посух ба тасмими Моррисон бар ин бовар буданд, ки бо ин амал вай дар пайи дарёфти пуштибонии бештари Иёлоти Муттаҳида ҳамчун муттаҳиди асосии ин кишвар ва ба даст овардани раъйҳои шаҳрвандони яҳудии кишвараш дар интихоботи оянда мебошад.

Скотт Моррисон аз соли 2018 то 2022 дар мақоми 30-умин нахуствазири Австралия кор кард ва баъдан ба ҷои ӯ Энтони Албанез, нахуствазири феълии ин кишвар шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад