Ихтисоси 500 бурсияи таҳсилӣ ба донишҷӯёни Афғонистон дар Русия

Русия эълом кард, ки барои омузиш ва тарбияти кадрҳо 500 бурсияи таҳсилӣ ба донишҷӯёни Афғонистон барои соли таҳсилии 2024 - 2023 ихтисос додааст.

Русия эълом кард, ки барои омузиш ва тарбияти кадрҳо 500 бурсияи таҳсилӣ ба донишҷӯёни Афғонистон барои соли таҳсилии 2024 – 2023 ихтисос додааст.

Сафорати Русия дар Афғонистон эълом кард, ки 500 бурсияи таҳсилӣ дар мақотеъи лисонс, каршиноси аршад ва докторӣ барои донишҷӯёни Афғонистон дар назар гирифтааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

Сафорати Русия дар Кобул эълом кард, ки барои омузиш ва тарбияти кадрҳои миллии Афғонистони 500 бурсияи таҳсилӣ ба донишҷӯёни ин кишвар барои соли таҳсилии 2023 – 2024 барои Афғонистон ихтисос додааст.

Аз тарафи дигари вазорати таҳсилоти олии толибон эълом кардааст,ки интихоби ниҳои донишҷӯён аз сӯии вазорати таҳсилоту улуми Русияи анҷом хоҳад шуд.

Як сол пас аз ба қудрат расидани муҷаддади толибон дар Афғонистон, то кунун ҳеҷ кишварии огҳоро ба расмияти нашинохта ва кишварҳои ғарбӣ эълом карданд ки ин гурӯҳ барои машруъияти ҷаҳонӣ ниёзманди тағйир дар сиёсати худ аз ҷумлаи вазъи маҳдудият бар занон афғонаст.

Маврид ба зикр аст, ки нерӯҳои ИМА ва НАТО баъди ҳузури 20-солаашон тобистони соли 2021 қаламрави Афғонистонро тарк карданд. Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ толибҳо минтақаҳои кишварро ғасб намуда, нимаи моҳи августи соли гузашта шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистонро ғасб намуданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Бар асоси таҳқиқот ва арзёбии Созмони байналмиллалии наҷоти кӯдакон, пас аз Афғонистон, Судон ва Сумоли ва Молӣ секишваре ҳастанд, ки низоми омӯзишии онҳо аз назари осебпазири дар рутбаи дуввум, саввум ва чаҳорум қарор гирифтааст.

Бар асоси таҳлили ҷадиди ин ниҳод дар мавриди чӣ гунагии таъсироти Короно, ҷанг ва тағироти иқлими, раванди омӯзишии 49 миллион кӯдак дар ин чаҳор кишвар ба шиддат дар хатар аст.

Низоми омӯзишии Афғонистон ҳамвора ба далели ҳоким будани ҷанги дохилӣ ё ишғоли хориҷӣ дар тайи чанд даҳҳаи гузашта бо маҳдудиятҳо, заъфҳо ва навоқиси ҷидди рӯ ба рӯ будааст, ки ин масъала дар ҳавзаҳои ками ва кайфии омӯзиш дар ин кишвар таъсироти бисёр манфи доштааст.

Сохтори суннатии ҷомеъаи Афғонистон ва нигоҳи манфи ба омӯзиш дар байни бахше аз мардуми ин кишвар ҳамчунин заъфи давлати Афғонистон дар фароҳам нашудани зерсохтҳо барои наҳодия шудани омӯзиш будааст, аз ҷумла далоили кайфияти заъфи низоми омӯзиши ва адами шомил шудани он ба кулли ҷомеъаи Афғонистон ба шумор меравад.

Дар се соли гузашта бо ҳамагирии Короно ва таътили марказҳои омӯзиши шомили мактабҳо ва донишгоҳҳо бо баргузории ғайри ҳузурии дарсҳои омӯзиши, бахши умдае аз донишомӯзон ва донишҷуён дар Афғонистон ба далели адами дастараси ба интернет ва таҷҳизоти марбут ба ҳузр дар дарсҳои онлайн аз таҳсил маҳрум шудаанд.

Иловабарин аз пеш аз як соли гузашта ва бо ҳокимияти Толибон дар Афғонистон, шароити вахими марказҳои омӯзиши ташддид шуд ва бо сиёсатҳои инқибозии ин гурӯҳ мактабҳои духтарона дар ин кишвар таътил шуд.

Бар асоси рухдодҳои манфии густарда дар арсаи омӯзиш дар Афғонистон дар чанд даҳҳаи гузашта ва шароити ташдит кунандаи он дар се соли ахир, Созмони байналмиллалии наҷоти кӯдакон низоми омӯзишии Афғонистонро дар рутбаи нахусти феҳристи кишварҳоие қарор дод, ки низоми омӯзишии онон фурӯпошидааст.

Бар рағми инки вируси Короно дар Афғонистон ба пайрави ҳамаи кишварҳои ҷаҳон фурӯкаш кардааст, аммо низоми омӯзиши дар ин кишвар ҳамчунон авзои рӯ ба вахомате дорад ва сиёсатҳои Толибон ба хусус дар эъмоли маҳдудиятиҳое барои таҳсили духтарон сабаб шуда то низоми омӯзишии Афғонистон дар маърази фурӯпоши қарор бигирад.

Толибон аз замони ба қудрати расидани муҷаддади худ дар Афғонистон дар талош барои камранг кардани омӯзишҳои академик ва тавсиъаи мактабҳои динни дар ин кишвар будааст, ки омӯзиши илими дини бар соири улум тарҷеҳ дода шудааст.

Дуктур Мирвейси Балхӣ вазири собиқи маорифи Афғонистон мегӯяд: Толибон пас аз ҷанг ва ҳатто пас тасаллути Афғонистон хоста буд мактаб ва марокизи омӯзиши дар манотиқи таҳти салта ба мактабҳои дини табдил шаванд, ки чунин тағире як хатари ҷидди аст. Касоне, ки дар мактабҳои дини таҳстил мекунанд, ҳамаи маҳоратҳо ва улуми мавриди ниёзи ҷомеъаро намеомӯзанд ва пас аз поёни дарс наметавонанд дар ҷое машғул ба кор шаванд. Ҷомеъаи Афғонистон ба омӯзиши ҳамаи улум ниёз дорад ва маҳрум кардани донишомӯзон аз фарогирии улуми ғайри дини, амри ғайри мантиқи аст.

Дар чунин шароит бархе аз устодони донишгоҳҳо ва муаллимони мактабҳо дар Афғонистон ба далели маҳдудиятҳо ва мамнуъиятҳои эъмоли аз сӯйи давлати Толибон аз низоми омӯзиши ҷудо шуда, ки ин масъала ба чолише барои омӯзиш дар ин кившар табдил шудааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад