Сафари руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбакистон ба Русия

 Руасои ҷумҳури Тоҷикистону Узбакистон барои ҳузур дар нишасти руасои ҷумҳури кишварҳои Ҳамсуд озими Русия шуданд.

Руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбакистон барои ҳузур дар нишасти руасои ҷумҳури кишварҳои муштаракулманофеъ (Ҳамсуд) озими Русия шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, президенти Ҷумҳурии Узбакистон бинобар даъвати Владимир Путин, президенти Русия имрӯз 7-уми октябр барои ҳузур дар нишасти ғайрирасмии руасои ҷумҳури кишварҳои ҷомеаи кишварҳои мустақилли муштаракулманофеъ озими шаҳри Санкт-Петербурги Русия шуданд.

Барномарезӣ мешавад, ки дар ин нишаст масоили рӯзи ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва широкати минтақаӣ баррасӣ шавад.

Ҷомеаи кишварҳои мустақилли муштаракулманофеъ пас аз фурӯпошии Шӯравии собиқ шакл гирифт. Баёнияи таъсиси ин иттиҳодия дар 21-уми декабри 1991 дар Алмаато тавассути раҳбарони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина имзо шуд.

Узвияти Гурҷистон дар ин иттиҳодия ба думболи тасмими расмии русои ҷумҳури кишварҳои узв дар 3-уми декабри 1993 ва ба думболи дархости Эдвард Шворднедза,раиси ҷумҳури Гурҷистон дар 8-уми октябри 1993 шакл гирифт.

Беш аз 70 дарсади будҷаи ҷомеаи муштаракулманофеъ тавассути Русия пардохт мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад