Имзои тавофуқҳои ҷадиди молӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ

 Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ теъдоде тавофуқҳои ҷадиди молиро ба маблағи даҳҳо миллион доллар имзо карданд.

Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ теъдоде тавофуқҳои ҷадиди молиро ба маблағи даҳҳо миллион доллар имзо карданд.

Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ чандин тавофуқҳои молии ҷадид ба маблағи даҳҳо миллион доллар ба имзо расонданд. Ба таври хосс, дар шаҳри Душанбе мувофиқатномаҳои молии проекти беҳбуди манобеи об ва мудирияти обёрӣ дар Тоҷикистон байни ин кишвар бо анҷумани тавсеаи байналмилалӣ имзо шуд.

Бар асоси гузориши Маркази матбуоти Вазорати молияи Тоҷикистон, ҳадаф аз ин проект афзоиши пойдории бузургроҳҳои ҳаётии кишвар ва тақвияти зарфияти мудирияти хатароту офатҳои табиӣ аст.

Ҳазинаи куллии ин проект 47.34 миллион доллар аст, ки 30 миллион доллар аз он кумаки молии анҷумани тавсеаи байналмилалӣ (муодили 22.4 миллион ҳаққи бардошти вижа) ва 17.34 миллион доллар кумаки молии сандуқи амонати воҳиди эҳдокунандаи барномаи мушорикати ҷаҳонии Иттиҳоди Аврупо ва Бонки ҷаҳонӣ, фози севум барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ (муодили 16.19 миллион евро) аст.

Иҷрои ин проект дар соли 2023 оғоз мешавад ва интизор меравад, ки дар соли 2027 такмил шавад.

Ҳамчунин, байни Тоҷикистон ва анҷумани тавсеаи байналмилалӣ, мувофиқатномаи таъмини молии проекти сармоягузорӣ дар бахши об ва фозилоби Тоҷикистон имзо шуд.

Ҳадаф аз ин проект беҳбуди дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар манотиқи мунтахаб ва ҳамчунин тақвияти зарфияти муассисаҳои об ва фозилоб барои беҳбуди хадамот эълом шудааст.

Ҳазинаи кулли проект 45 миллион доллар (муодили 33.5 миллион доллар ҳаққи бардошти вижа) аст. Ин проект ба таври комил тавассути Бонки ҷаҳонӣ аз тариқи кумакҳои молӣ таъмин мешавад.

Иҷрои ин проект дар соли 2023 оғоз ва дар соли 2027 такмил мешавад.

Ин қарордодҳои молӣ тавассути Файзуддин Қаҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Авзон Суимли, намояндаи доими Бонки ҷаҳонӣ дар ин кишвар ба имзо расидааст.

Бонки ҷаҳонӣ як муассисаи молии байналмилалӣ аст, ки дар декабри 1945 таъсис шуд ва дар ноябри 1947 бо тасвиби Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шакли расмӣ ба ҷамъи ниҳодҳои тахассусии Созмони Милали Муттаҳид пайваст. Ҳадафи ин бонк пайгирии проектҳои сармояӣ ва эътои вом ба давлатҳои кишварҳои камдаромад ва мутавассит аст. Ин марказ шомили ду муассиса, Бонки байналмилалии бозсозӣ ва тавсеа (IBRD) ва Анҷумани тавсеаи байналмилал (IDA) аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад