Тоҷикистону Эрон ва пайванде ба паҳнои таърихи куҳани Эронзамин

Маҳдӣ Ризо, аз коршиносони Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ навишт: “Эрон ва Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дорои муштаракоти фаровоне дар таърих, фарҳанг, забон ва дин ҳастанд ва алоиқ ва пойбандӣ ба одобу русум аҷдоду ниёгон сабаби афзоиши мизони ҳамбастагӣ байни сокинони ду кишвар шудааст.

Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон бо ҳузури Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон ва Муҳаммадмаҳдӣ Исмоилӣ, вазири фарҳанги ҶИЭ дар Боғи ҳунари Теҳрон оғоз шуд ва то 8 октябр идома дорад.

Ин барнома бо ҳамкории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати Тоҷикистон дар Эрон ва вазорати фарҳанг ва иршоди исломии ҶИЭ, Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табриз баргузор мешавад.

Ин рӯйдоди фарҳангӣ шомили иҷрои барнома тавассути гурӯҳҳои ҳунарӣ аз ҷумла гурӯҳи намоиш, гурӯҳи мусиқӣ, қироати шеър тавассути шоирони тоҷик ва баргузории намоишгоҳи наққошӣ, акс, ҳунарҳои дастӣ ва либосҳои миллии Тоҷикистон хоҳад буд.

Маҳдӣ Ризо, коршиноси равобити фарҳангӣ ва байналмилалии Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон дар ёддошти ба муносибати баргузории ин рӯйдод дар Эрон, ба равобити фарҳангӣ ва тамаддунӣ ва муштаракоти ду кишвар пардохтааст, ки дар идома меояд:

Имрӯза яке аз асоситарин равишҳо ба манзури боло бурдани иртиботи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ёфтани муштаракот байни кишварҳо ба вижа фарҳанг ва забон аст; Эрон ва Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дорои муштаракоти фаровоне дар таърих, фарҳанг, забон ва дин ҳастанд ва алоиқ ва пойбандӣ ба одобу русуми аҷдоду ниёгон сабаби афзоиши мизони ҳамбастагӣ байни сокинони ҳар ду кишвар шудааст.

Эрон ва Тоҷикистон мардумоне, ки дар ҳавзаи тамаддунии Эрони фарҳангӣ дар ҳамсоиягии ҳам нишастаанд, гоҳ агарчи дар зоҳир бо ҳам тафовутҳои ночиз доранд, аммо дар дили худ пайвандҳои амиқ бо якдигар бастаанд, ки реша дар ҳувияти муштараки онҳо дорад.

Ин ҳувияти муштарак, гоҳ аз дили вожагони муштарак сар бар меоварад, гоҳ достонҳои адабии зебо онро бозгӯ мекунад ва гоҳ биноҳои таърихӣ, ки нақши ишқӣ ҳастанд аз ҳунари муштарак миёни қавмҳои гуногуни Эрон ва Тоҷикистон, сарояндаи ҳикояти дӯстиҳои дерина миёни ин мардумон ҳастанд.

Дар миёни кишварҳои ҳавзаи фарҳангӣ-сиёсии Осиёи Миёна, Тоҷикистон ба далели иштирокоти таърихӣ, забонӣ, фарҳангӣ ва мазҳабӣ барои Эрон аҳамияти бештаре дорад ва эҳёи пайвандҳои дерина ва таъмиқи равобити ду миллати Эрон ва Тоҷикистон илова бар инки дар гарави шохисаҳои муҳиме ҳамчун тавсеаи ҳамгарои фарҳангӣ, тақвияти бардоштҳои дуруст аз мӯҳтавои фарҳанги исломи эронӣ, пойдорсозии вижагиҳои фарҳангӣ, талош дар ростои эътимодсозӣ ва интибоқи рафтор ба зарфияти муҳити фаъолият аст, то ҳадди зиёде мусталзими тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар низ ҳаст.

Тоҷикистон аз соли 1991, ки ба истиқлол расид, дар ҳоли рушд ва тавсеа аст ва пайванди деринаи фарҳангӣ, динӣ ва таърихӣ миёни ду кишвар муҳимтарин далели таомулоти рӯзафзун будааст.

Ҳамчунин ба расмият шинохтани истиқлоли Тоҷикистон аз сӯи Эрон ба унвони аввалин кишвар дар ҷаҳон далеле бар умқи равобити роҳбурдии ду кишвар буда ва бо таваҷҷуҳ ба муштаракоти фаровон, Эрон барои тавсеаи равобит бо Тоҷикистон ҳеҷ маҳдудияте надорад.

Тоҷикистон аз кишварҳои форсизабон аст, ки натанҳо имрӯз як кишвари комилан роҳбурдӣ барои мо ба ҳисоб меояд; балки дар оянда ин ҷойгоҳи муҳим барои Эрон бо аҳамияттар ва равшантар хоҳад шуд.

Пайванди фарҳангӣ миёни миллатҳо, марз намешиносад ва фарҳанг дар дарозои таърих, сарзаминҳоро дарнавардида ва рӯҳи инсонҳоро ба ҳам пайванд задааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад