Афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Африқо

 Дидбони ал-Азҳар барои мубориза бо ифротгароӣ бо интишори гузорише аз афзоиши фаъолиятҳои террористӣ дар моҳи сентябр дар Африқо хабар дод.

Дидбони ал-Азҳар бо эъломи хабари афзоиши амалиёти террористӣ дар кишварҳои ҳавзаи Африқо дар моҳи сентябр, хоҳони афзоиши иқдомоти байналмилалӣ барои муқобила бо рушди терроризм дар кишварҳои африқоӣ шуд.

Бар асоси ин гузориш теъдоди амалиётҳои террористии анҷомшуда аз сӯи созмонҳои террористӣ ва дар раъси он ДИИШ, Букуҳаром ва Ҳаракати Шабоб дар моҳи гузаштаи мелодӣ ба 54 амалиёт расидааст, ки дар муқоиса бо 45 амалиёти анҷомшуда дар моҳи август, рушди чашмгире доштааст.

Ин амалиётҳо шомили бомбагузорӣ, террор ва ҳамла ба марокизи мухталиф будааст. 251 нафар дар ин амалиётҳо ба таври мустақим ба қатл расидаанд, 171 маҷрӯҳ, 129 маврид одамрабоӣ ва 16 маврид эъдом низ аз дигар талафоти амалиётҳои террористии анҷомшуда аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ дар моҳи гузаштаи мелодӣ будааст. Илова бар ин садҳо нафар низ бар асари ин ҳамлаҳои террористӣ овора шудаанд.

Дидбони ал-Азҳар иллати умдаи афзоиши ин ҳамалоти террористиро рақобат байни ал-Қоида ва ДИИШ барои нуфуз дар Африқо ва ташдиди даргириҳои мусаллаҳона байни ин гурӯҳҳо ба манзури дастёбӣ ба манобеи молии бештар зикр кардааст. Ба гуфтаи ин дидбон ин рақобатҳо сабаби даргирии ошкор миёни ал-Қоида ва ДИИШ дар Африқо хоҳад шуд.

Дидбони ал-Азҳар барои мубориза бо ифротгароӣ таъкид кард: «бо вуҷуди аҳамияти муқобила бо хатарот ва паёмадҳои муъзали терроризми фаромарзӣ, ки Африқоро муҳити муносиб барои зуҳур, тавсеа ва фаъолиятҳои худ қарор додааст, таваҷҷуҳи чандоне ба он нашудааст.

Ин дидбон таъкид кард: «дар сурате, ки ҷомеаи байналмилалӣ ва созмонҳои байналмилалии масъул ба суръат ва ба таври бунёдӣ бо густариши терроризм дар Африқо муқобила накунанд, ин масъала сулҳ ва амнияти байналмилалиро дар оянда таҳдид хоҳад кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад