Суханони Абдусаттор Бобоев ва Ҷамшед Ёров дар (САҲА)

Суханронии Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандиии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) дар ҷаласаи навбатии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА)

Суханронии Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандиии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) дар ҷаласаи навбатии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА)

Хонумон ва ҷанобон!

Ман аз Тоҷикистон ҳастам ва беш аз 200 ҳамкорам ҳамин алъон дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд ва ду нафари онҳо ҳукми абад доранд. Танҳо гуноҳи ин зиндониён ин аст, ки онҳо аъзои аҳзоби мухолифи Тоҷикистон будаанд. Ҳукумати Тоҷикистон онҳоро дар соли 2015 ба иттиҳомоти сохтаву беасос ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард ва чанд тани онҳо бо сабабҳои мухталиф дар дохили зиндонҳо кушта шуданд.

Соли 2020 ҳукумат эътироф кард, ки 113 нафарро ба иттиҳоми узвият дар “Ихвонул-муслимин” равонаи зиндон кард, вале далелҳое вуҷуд дорад, ки ба ин иттиҳом ҳудуди 500 нафарро боздошт, шиканҷа ва зиндонӣ кардааст.

Илова бар ин, моҳи май ва июни имсол беш аз 200 нафари дигар аз зодагони Бадахшонро боздошт, шиканҷа ва ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд.

Хонумон ва ҷанобон!

Хулоса, зиндонҳои Тоҷикистон пур аз фаъолони сиёсӣ, журналистон ва рӯшанфинкрони озодандеш аст ва ҳудуди 30 сол аст, ки як нафар (Эмомалӣ Раҳмон) ва аъзои оилааш дар раъси қудрат қарор доранд.

Мутаассифона, бо вуҷуди ин қадар зиндониёни сиёсӣ ва худкомагии ин ҳукумати оилавӣ, бисёре аз кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бо вай ҳамкории зич доранд ва на танҳо дар мулоқотҳову сӯҳбатҳояшон аз нақзи шадиди ҳуқуқи башар чизе намегӯянд, балки аз ин худкома гоҳе тамҷид ҳам мекунанд.

Барои ҳамин, ман пешниҳод мекунам:

1) Аз ҳукумати Амрико талаб менамоям, ки “Қонуни Магнитский” (Global Magnitsky Human Rights Accountability Act)-ро алайҳи мақомоти тоҷик, ки дар нақзи ҳуқуқи башар, шиканҷа ва фасод бевосита даст доранд, татбиқ намояд;

2) Аз САҲА, бахусус кишварҳои демократии узви ин созмони бонуфузи байналмилалӣ, талаб менамоям, ки Механизми Маскав (Moscow mechanism)-ро дар мавриди вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон татбиқ намояд. Фикр мекунам, ки татбиқи Механизми Маскав хеле муассир хоҳад буд ва бархе кишварҳои ғарбӣ омодаи чунин иқдом ҳастанд;

3) Як дархости шахсӣ дорам. Шахсан ман аз режими Эмомалӣ Раҳмон хеле зарбаҳо хӯрдаам ва қурбони зулму ситами ин режим ҳастам. Вақте мебинам, ки як дипломати баландпояи ғарбӣ дар Тоҷикистон на танҳо аз нақзи ҳуқуқи башар чизе намегӯяд, балки аз бархе аъзои оилаи Раҳмон тавсифу тамҷид мекунад ва ӯро “ситора” мегӯяд, инро хеле сахт қабул мекунам. Як дархости шахсӣ аз ҳама ҳукуматҳои демократӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дорам: ба дипломотҳои худ бигӯянд, ки ҳадди ақал ин тамҷиду тавсиф аз худкомагонро расонаӣ накунанд.

Ҳамчунин

Ҷамшед Ёров, раиси «Бунёди Бузургмеҳр» зимни баромадаш дар ҷаласаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки ҳамин ҳоло дар Варшава, пойтахти Лаҳистон (Полша) дар ҳоли баргузорӣ аст, дар мавзуъи «Адвокатура ҳамчун институти миллии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» баромад карда, ба адами ҷомеаи шаҳрвандӣ таъкид намуда аз саркуби вакилони дифоъ изҳори нигаронӣ кард.

Ёров гуфт, “яке аз аломатҳои асосии мавҷудияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳар як давлат, худи давлати дорои низоми сиёсии демократӣ мебошад. Ин давлат бояд кафолати риояи озодиҳои инсон, аз қабили озодии сухан, ҷамъомад, иттиҳодия, ҳаракат, эътиқод, интихоби касб ва ғайраро дода тавонад.  Нишони дигари давлати демократӣ ин дахолат накардан ба ҳаёти шахсии шахрванд,  волоияти қонун, қобилияти назорат кардани мақомот ва ба ҷавобгарӣ кашидани давлат барои ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои содиршуда мебошад.”

Ҷамшед Ёров изҳори таассуф кард, ки “ҳеҷ яке аз ин таърифҳо барои Тоҷикистони имрӯз мувофиқ нест. Дар Тоҷикистон ягон иттиҳодияи динӣ, касбӣ ва ҷамъиятие нест, ки зери назорати давлат набошад.

Ҷамшед Ёров шарҳ дод :

“Адвокат, чун яке аз умдатарин ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳимояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва пешгирӣ аз худсарии давлат, бояд дар ин маънӣ фаъолтарин бошад.

Аммо пас аз тасвиби Қонуни нав дар бораи адвокатура дар Тоҷикистон дар соли 2015 ин ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ воқеан аз фаъолият бозмонд. Албатта, он расман вуҷуд дорад ва ҳатто Иттифоқи адвокатҳо низ амал мекунад, аммо ба воқеият нигарем ин қишри ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши худро дар ҷомеаи Тоҷикистон наметавонад иҷро кунад ”.

Дар идомаи баромади худ  раиси Бунёди Бузургмеҳр гуфт, адвокат дар Тоҷикистон на танҳо наметавонад ва намедонад, ки чӣ гуна муштариёни худро ҳимоя кунад, балки ҳуқуқи касбии худро низ ҳифз карда наметавонад.

Ёров гуфт :

“Пас аз оғози саркӯбҳои шадиди давлатӣ алайҳи мухолифин аз соли 2015 ва бахусус аз моҳи ноябри соли гузашта то имрӯз, ки мақомот норозигии шаҳрвандонро дар Помир дағалона, бераҳмона ва хунрезона саркӯб мекарданд, охирин зуҳуроти истиқлолияти адвокатура ниҳоят нобуд карда шуд ”.

Бино ба маълумоти ироакардаи Ёров дар Тоҷикистон ба адвокатҳо муошират бо намояндагони ВАО, суханронӣ ва муҳокимаи парвандаҳои зерҳимояи худ манъ аст.  Аз онҳо талаб карда мешавад, ки барои ифшо накардани маълумот дар бораи тафтишот ва мурофиаи судӣ забонхат диҳанд, мурофиаҳои судӣ паси дарҳои баста баргузор карда мешаванд, усулҳои ғайриқонунии тафтишот нисбат ба айбдоршавандаҳо пиёда мешавад. Аммо агар яке аз вакилони мудофеъ дар бораи чунин қонуншиканиҳо ҳарф занад, на танҳо зери чархи саркӯби ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон меафтад, балки дар назди раҳбарияти Иттиҳодияи вакилони дифоъи Тоҷикистон мавриди сарзаниш қарор мегирад.

Ёров таъкид кард:

“Дар чунин муҳите, ки танҳо тарс аз ҳаёту саломатӣ, таҳдид ва ҳамла, ҳабсҳои беасос ва  тулонӣ, имконнопазирӣ ва беҳуда будани муроҷиати судӣ вуҷуд дорад, ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъол буда наметавонад ”.

Ӯ гуфт: “Ба назари мо, ягона шонси эҳёи ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла адвокатураи тоҷик, талошҳои байналмилалии сиёсӣ, молӣ ва дипломатӣ мебошад. Ва дар ин ҷо нақши кишварҳои узви САҲА хеле муҳим аст””.

Дар ниҳояти суханронӣ бо пешниҳод ба САҲА Ёров изҳор намуд, ки  “дар равобит бо Тоҷикистони расмӣ ҳамеша масъалаи коҳиши фишор болои расонаҳои мустақил, ниҳодҳои адвокатура, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои динӣ ва ҷамъиятӣ бояд матраҳ шавад. Вақти он расидааст, ки аз изҳор ба амал бояд гузашт ”.

Бар гирифта аз сойти ПАЁМ

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад