Ғасби 1,5%-и қаламрави Тоҷикистон тавассути Қирғизистон

Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ эълон карданд, ки чӣ қадар заминҳои ин кишвар аз ҷониби Қирғизистон ғайриқонунӣ ва бидуни асос ғасб карда шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ эълон карданд, ки чӣ қадар заминҳои ин кишвар аз ҷониби Қирғизистон ғайриқонунӣ ва бидуни асос ғасб карда шудаанд.

Қирғизистон то ҳол 2 ҳазору 110 километри мураббаъ заминҳои Тоҷикистонро ғасб кардааст.

Ин нуктаро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронияш дар иҷлосияи 77-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баён дошт.

Майдони заминҳое, ки ба иддаои ҷониби Душанбе Қирғизистон аз қаламрави Тоҷикистон ғасб кардааст, баробар ба 1%-и масоҳати феълии ҶҚ ва 1,5%-и масоҳати ҶТ мебошад.

Ба иттилои вазири тоҷик, ғасби заминҳои Тоҷикистон аз сӯи Қирғизистон ҳанӯз аз солҳои 50-уми асри гузашта оғоз шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан низ Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, заминҳои ҷумҳуриро солҳои гуногуни даврони шӯравӣ бидуни риояи расмиёти ҳуқуқӣ ҷониби Қирғизистон гирифтаст.

Ба гуфтаи Имомӣ, феълан беш аз 2 ҳазор километри мураббаъ замини ҷумҳурӣ бидуни ҳеч санаду далел дар ихтиёри Қирғизистон қарор дораду фаъолона аз худ карда шуда истодааст.

Вай таъкид намуд, Тоҷикистон аз аввал талош дорад, масъалаи ин заминҳоро, ки Душанбе бидуни баҳс аз худ медонаду Бишкек ба далели азхудкунӣ мутааллиқ ба худ, аз роҳи музокирот ҳал намояд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки қисми зиёди он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ дар навоҳии наздисарҳадӣ боиси таниш мегардад, ки баъзан ба тирпарронию марги одамон мепечад.

 Ҳамчунин дар хабарҳо омадааст :

Роҳбарони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон санад дар бораи қатъи низоъ дар минтақаҳои сарҳадии ду кишварро ба имзо расонданд.

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Қамчибек Тошиев санад барои қатъи мухолифат дар марзро ба имзо расондаанд.

Ба иттилои мақомоти тоҷик, музокироти навбатии ҷонибҳо дар гузаргоҳи марзии “Қизил-Бел” дар вилояти Бодканд сурат гирифтааст. Аз ҷониби Тоҷикистон дар он Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ, Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд иштирок доштаанд.

Ҷонибҳо изҳори умед кардаанд, ки бандҳои созишномаи имзошуда амалӣ мегардаду дар сарҳади ду давлат суботу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмии комил барқарор мегардад.

Аз ҷониби Қирғизистон Тошиев дар суҳбат бо расонаҳо эълон кард, ки сокинони беруншуда аз минтақаҳои марзӣ метавонанд ба хонаҳояшон баргарданд. Вай кафолат додаст, ки вазъ дар марз ором хоҳад буд.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки қисми зиёди он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ дар навоҳии наздисарҳадӣ боиси таниш мегардад, ки баъзан ба тирпарронию марги одамон мепечад.

Даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 16 сентябр рух дод, ки садҳо куштаю маҷруҳро аз ҳар ду ҷониб барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғоз ва шиддати ин даргирӣ муттаҳам мекунанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад