Шабоҳати ҳамлаи Қирғизистон ба Тоҷикистон бо шеваҳои ал-Қоида ва ДИИШ аз нигоҳи мансабдор

Фарҳод Раҳимӣ ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистон ба қаламрави Тоҷикистонро бо равишҳои ал-Қоида ва ДИИШ муқоиса кард.

Фарҳод Раҳимӣ ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистон ба қаламрави Тоҷикистонро бо равишҳои ал-Қоида ва ДИИШ муқоиса кард.

Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистон ба қаламрави Тоҷикистонро бо равишҳои ҳамлаи гурӯҳҳои террористии байналмилаии ал-Қоида ва ДИИШ муқоиса кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, вай рӯзи ҷумъа зимни суханронӣ дар ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба солгарди 11-уми марги устод Бурҳониддин Рабонӣ дар Лондон зикр кард, ки чанд рӯз пеш Тоҷикистони соҳибистиқлол мавриди ҳамлаи ноҷавонмардонаи кишвари ҳамсоя — Қирғизистон қарор гирифта, дар натиҷаи он даҳҳо нафар занону кӯдакони бегуноҳ ва мардумони мулкӣ кушта шуданд ва садҳо хонаҳои мардуми таҳҷоӣ нобуд гардиданд.

Раҳимӣ гуфт: “Таҷовузгарон ҳатто бо дастгоҳҳои бесарнишин ҳангоми намоз ба масҷиди ҷомеъ ҳамла намуда, даҳҳо намозгузорро ба қатл расониданд, ки ин амал ҳам аз нигоҳи исломӣ ва ҳам аз нигоҳи инсонӣ пазируфтанӣ набуда, шабеҳи шеваҳои таҳоҷуми гурӯҳҳои террористии байналмилалие, чун ал-Қоида ва ДИИШ аст, ки хилофи тамоми муқаррароти асноди байналмилалӣ ва умумибашарӣ мебошад”.

Бояд гуфт, ки ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба солгарди 11-уми марги устод Бурҳониддин Рабонӣ 23 сентябр дар шаҳри Лондони Британияи Кабир баргузор гардид, ки дар он раиси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар шакли маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад