Кушта шудани 80 низомии Озарбойҷон дар даргириҳо бо Арманистон

Вазорати дифои Озарбойҷон аз кушта шудани 80 низомии ин кишвар дар даргириҳои марзӣ бо Арманистон хабар дод.

Бар асоси ин гузориш 281 нафар ҳам захмӣ шудаанд. Илова бар ин, ду ғайри низомӣ ҳам захмӣ шуданд.

Мақомоти Озарбойҷон гузориш доданд, ки 32 низомии кушта шудаи арманистоние, ки дар минтақаи таҳти кантроли онҳо пайдо шуда будро ба мақомоти Арманистон таҳвил додаанд.

Пеш аз ин сарвазири Арманистон гузориш дода буд, ки 135 низомии ин кишвар дар даргирӣ бо неруҳои мусаллаҳи Озарбойҷон дар манотиқи марзӣ кушта шуданд. Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки ин омор ниҳоӣ нест.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад