12 тавофуқномаи ҳамкорӣ байни Суғд ва Фарғона имзо шуд

Ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд густариш меёбанд. Соҳибкорони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Фарғонаи Ӯзбекистон 12 созишномаи нави ҳамкорӣ имзо карданд.Ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд густариш меёбанд. Соҳибкорони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Фарғонаи Ӯзбекистон 12 созишномаи нави ҳамкорӣ имзо карданд.

Ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд густариш меёбанд. Соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Фарғонаи Ӯзбекистон 12 созишномаи нави ҳамкорӣ имзо карданд.

Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ додааст, ки созишномаҳои нав зимни дидору гуфтугӯ ва иштирок дар Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ба имзо расиданд.

Ёдовар мешавем, ки ахиран ҳайати Ӯзбекистон бо роҳбарии ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров барои иштирок дар барномаҳои идона ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба вилояти Суғд омад.

Инчунин дар он рӯз дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ намоиши молу маҳсулоти вилояти Фарғона ташкил карда шуда, Форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Фарғонаи Ӯзбекистон баргузор грдид.

Дар кори форум Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд , ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, соҳибкорону тоҷирони тоҷику ӯзбек иштирок намуданд.

Ҳамчунин дар доираи сафари ҳайати Узбекистон шоми 8 сентябр дар Варзишгоҳи “31-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд бозии дӯстона миёни дастаҳои футболи “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Семенчӣ”-и Фарғона баргузор гардид, бо ҳисоби 1:1 ба охир расид.

Ҳайати Узбакистон муташаккил аз руасои шаҳр ва ноҳияҳои Рештон, Куосои, Данғара, Бешрик, намояндагони саноеъ ва бозаргонӣ, руасои беш аз 30 ширкати тавлидӣ буда ва дар ҷараёни ин сафар бо ҳамтоёни тоҷики худ дидор ва гуфтугӯ хоҳанд кард.

Дар поёни ин ҳамоиш байни тоҷирони Суғд ва Фарғона 12 санади ҷадиди ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бо вуҷуди мушкилоти марзӣ ва сарҳаддӣ, ки байни ду кишвар вуҷуд дорад, аз ҷиҳати равобити иқтисодӣ ва муносиботи тиҷорӣ ин ду кишвар ҳаҷми хубиро ташкил додаанд ва кумитаҳои муштараки иқтисодии байни ду кишвари ҳамсоя фаъол мебошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад