11 сентябр; ҳодисае, ки ҳануз ҳам паёмадҳояш идома дорад

Дар ҳоле, ки 21 сол аз ин ҳодиса гузаштааст, аммо паёмадҳои он ҳануз ҳам барои мардум ва сиёсати Амрико идома дорад.

11 сентябри 2001 ва ҳамла ба ду сохтмони тиҷорӣ ҳануз ҳам аз пур сару садотарин ҳодисаҳои таърихи муосири Амрико аст. Ҷанбаҳои он ҳануз ҳам номаълум аст. Бар асоси нақли расмӣ, 15 нафар аз 19 омили он ҳодиса Саудӣ будаанд, аммо Арабистони Саудӣ дар тамоми 21 соли гузашта муттаҳиди Амрико дар Ғарби Осиё мондааст.

Усома Бен Лоден ва гуруҳи Ал-қоида омилони ин ҳодиса шинохта шудаанд, аммо ҳануз бисёре аз коршиносон дар инки Ал-қоида ба танҳоӣ ва бидуни кумаки ҳукумати Амрико чунин иқдомеро барномарезӣ карда бошад тардид доранд. Шиваи рехтани ду сохмон ҳам аз дигар тардидҳои коршиносон аст.

Бархе ҳам бар ин боваранд, ки Ал-қоида бо кумак ва ҳимояти Амрикову Арабистон барои муқобила бо артиши Шӯравӣ рушд кард ва замоне, ки Амрико ба як душмани олидараҷ ниёз дошт то ба Афғонистон ҳамла кунад, Ал-қоида табдил ба ҳамон душмане шуд, ки Кохи Сафед мехост.

Ҳодисаи 11 сентябр бо ҳар тарҳу иҷро, ҳодисаи муҳим дар таърихи Амрико аст ва таҳаввулоти байналмилалиро ҳам ба таври ҷиддӣ таҳти таъсир қарор додааст. Ҷанги Афғонисто бабаҳонаи муқобила бо Ал-қоида ва Толибон ба унвони паноҳанда ба ин гуруҳи террористӣ оғоз шуд, аммо 20 сол баъд дар лоҳе тамом шуд, ки Толибон дубора бар Афғонистон ҳоким шуда буд, иттифоқе, ки аз суи бисёре аз нозирон шикасти Амрико дар тӯлонитарин ҷанги таърихи ин кишвар хонда шуд.

Аз суи дигар 2 сол пас аз ин воқеа Ироқ бо баҳонаи дигар ҳадафи ҳамлаи Амрико ва муттаҳиди ҳамешагии он яъне Бритониё воқеъ шуд, ишғоли ин кишвар ҳам идомаи ҳамон сиёсате буд, ки Амрико пас аз сентябри 2001 дар дастури кори худ қарор дода буд. Буҳрони молии соли 2008 низ бе тардиди баромада аз ҳазинаҳои сарсомовари ин ду ҷанг буд. Буҳроне, ки хонаҳои бисёре аз амрикоиҳоро аз онҳо гирифту иқтисоди ҷаҳониро дучори як зилзила кард.

Аммо ба назар мерасад достони 11 сентябр ҳануз ҳам тамом нашуда бошад. Рӯзи ҷумъаи гузашта Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико бори дигар дар паёме “вазъияти изтирории миллӣ”-и эълон шуда пас аз воқеаи машкуки 11 сентябрро барои як соли дигар тамдид кард. Ӯ дар ин паём муддаӣ шуд аз онҷо ки таҳдидоти террористӣ ҳамчунон идома доранд вазъияти изтирории миллии эълон шуда дар 14 сентябри соли 2001 ва ихтиёроти марбут ба он ҳамчунон бояд идома дошта бошад.

Бо ин авсоф ба назар мерасад, ки 11 сентябр ва он нуқтаи атфи таърихӣ ҷуз вайронаҳое, ки дар Афғонистон ва ғарби Осиё бар ҷой гузошт, ҳануз ҳам дар Амрико ба поён нарасида бошад.

Фуод Изадӣ, коршиноси масоили Амрико дар бораи 11 сентябр бар ин бовар аст, ки ду сохтмон дар зоҳир фурӯрехт ва ду то се ҳазор одам ҳам кушта шуданд, ин зоҳири ҳодиса буд. Аммо дар идома сиёсати ғалати амрикоиҳо сабаб шуд ҷанг ҳазинаи зиёдеро мутаҳаммили Вашингтон кунад.

Вай гуфт, ин ҳодиса таъсири зиёде бар сиёсати дохилӣ ва хориҷии Амрико доштааст. Дар сиёсати дохилӣ ин ҳодиса абзоре барои кантроли мардуми Амрико шуд. Аммо пас аз 11 сентябр бисёре аз ҳуқуқе, ки мардуми ин кишвар доштанд аз байн рафт.

Ин таҳлилгар баён кард, ки ҳазинаҳое, ки бояд барои мардуми Амрико сарф мешуд сарфи ҷанг шуд. Трамп ҳамла ба Ховари Миёнаро иштибоҳи таърихии Амрико хонда гуфт, ки дар ин ҷанг 7 триллион доллар ҳазина кардем ва ба натиҷа ҳам нарасидем.

Вай илова кард, ки ҷанги Украина ва Русия ҳам шояд дар кутоҳ муддат ба нафъи Амрико бошад, аммо дар тӯлони муддат ҳамчун Афғонистон ба нафъи Амрико нахоҳад буд.

Имрӯза бисёре аз коршиносон Амрикоро чун қудрати рӯ ба нобудӣ медонанд. Скотт Бриер, роҳбари иттилооти дифоии Амрико мегӯяд, Чин ва Русия Иёлоти Муттаҳидаро қудрати рӯ ба завол медонанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад