Афзоиши 31 дарсадии тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои Ҳамсуд

 Ҳаҷми гардиши молии Тоҷикистон бо кишварҳои Ҳамсуд дар моҳҳои январ - июл нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта 31 дарсад бештар шудааст.

Ҳаҷми гардиши молии Тоҷикистон бо кишварҳои Ҳамсуд дар моҳҳои январ – июл нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта 31 дарсад бештар шудааст.

Ҳаҷми мубодилоти тиҷории Тоҷикистон бо кишварҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд дар 7 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта 31 дарсад (ба маблағ 495.7 миллион доллар) афзоиш ёфтааст.

Бар асоси омори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, маҷмӯъи мубодилоти тиҷорӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои муштаракулманофеъ дар ин давра болиғ бар 2 миллиарду 95.4 миллион доллар будааст, яъне 50.7 дарсад аз кулли тиҷорати хориҷии ин кишвар бо кишварҳои Ҳамсуд муртабит аст.

Тайи ин давра тиҷорати Тоҷикистон бо 5 кишвари муштаракулманофеъ, аз ҷумла бо Туркманистон – 4.2 баробар, Русия 41.9 дарсад, Беларус – 38 дарсад рушди мусбат доштааст. Аммо гардиши молӣ бо Озарбойҷон, Арманистон, Молдова, Қирғизистон ва Украина дар ин муддат манфӣ будааст.

Бинобар гузориши ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон ва Узбакистон аз шарикони аслии тиҷории Душанбе аз миёни кишварҳои мустақилли муштаракулманофеъ ба шумор меравад. Ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистон бо Русия дар 7 моҳи соли ҷорӣ беш аз 908.2 миллион доллар, Қазоқистон беш аз 781.6 миллион доллар ва Узбакистон беш аз 314.8 миллион доллар будааст.

Гуфтанӣ аст, ки тарози тиҷории Тоҷикистон бо кишварҳои Ҳамсуд тайи ин муддат манфӣ буда ва воридоти коло беш аз 3.3 баробари содирот аст.

Дар маҷмӯъ Тоҷикистон ба маблағи беш аз 495.4 миллион доллар ба ин кишварҳо ворид ва ба маблағи беш аз 1.6 миллиард доллар ворид кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад