Амрико пули дуздидаи Афғонистонро баргардонад

Намояндаи доими Русия дар Созмони Милал дар нишасти шӯрои амнияти ин Созмон аз Амрико хост, ки пули дуздида шудаи аз Афғонистонро пас бидиҳад.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, нишасти шӯри амнияти Созмони Милал бо мавзӯъи Афғонистон ба саҳнаи иттиҳомзании “Василий Небензия”, намояндаи Русия дар Созмони Милал ва “Линда Томас-Гринфелд”, ҳамтои амрикоӣ ӯ табдил шуд.

Манобеъи расонаӣ русӣ хабар доданд, иттиҳомзнии “Линда Томас-Гринфелд”, намояндаи Амрико дар Созмони Милал ба Русия ва Чин дар бораи кумаки ночизи Маскав барои ироаи кумаки молӣ ба манзури бозсозии Афғонистон, изҳориназари шадиди ҳамтои русии ӯро ба думбол дошт.

Ба гузориши хабаргузории “ТАСС”, намояндаи доими Русия дар Созмони Милал дар нишасти шӯрои амнияти Созмони Милал бо мавзӯъи Афғонистон гуфт: «аз изҳориназароти тӯлонии ҳамкорони амрикоӣ мо, метавон дархост аз Русия ва Чинро барои пардохти ҳазинаҳои бозсозии Афғонистон дарёфт. Дар зоҳир ин Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш ҳастанд, ки пули ҳама чизро пардохт мекунанд, дар ҳоле, ки Русия ва Чин фақат ҳарф мезананд».

Василий Небензия, дар нишасти шӯрои амнияти Созмони Милал ба ҷанги ишғолгаронаи 20 солаи Амрико ва муттаҳидон дар Афғонистон ва масъулияти онҳо дар заминаи нобудии зерсохтҳои ин кишвар ишора кард.

Ин дипломати рус гуфт: «бадбинии мавҷуд дар чунин иддаоҳое, ҳайратангез аст. Аз мо хоста мешавад то барои бозсозии кишваре, ки иқтисоди он амалан бо ишғоли 20 солаи Амрико ва НАТО нобуд шуд, пул бидиҳем. Ба ҷои изъон ба иштибоҳот ва талош барои ислоҳи онҳо, мо муттаҳам ба адами тамоюл барои пардохти сурат ҳисоби шахси дигаре мешавем. Пешниҳод ҷолибе аст».

Намояндаи доими Русия дар Созмони Милал идома дод: «шуракои ғарбии собиқи мо, на ин шумо ҳастед, ки бояд баҳои иштибоҳотатонро бипардозед ва барои шурӯъ, зарурӣ аст, ки пули дуздида шуда аз мардуми Афғонистонро ба онҳо баргардонед».

Василий Небензия ҳамчинн тасреҳ кард: «мо дар ҳоли кумак ба Афғонистон будаем ва ба Афғонистон кумак хоҳем кард ва ба шумо пешниҳод медиҳем, ки рӯи пардохти сурат ҳисобҳояшон ба мардуми Афғонистон ба далели 20 сол ишғолгарии бемаънӣ тамаркуз кунанд; Ишғолгаре, ки Афғонистонро нобуд кард ва мардумашро дар остонаи талош барои зинда мондан қарор дод».

Вай афзуд: «ҳамачизро наметавон бо пул санҷид. Ҷони мардуме, ки дар ҷараёни таҳмили демократии шумо дар Афғонистон аз даст рафтро наметавон бо пул санҷид ва пул наметавонад вафодории мардуми Афғонистонро бихрад ва интавр ба назар мерасад, Иёлоти Муттаҳида комилан вафодории мардуми Афғонистонро аз даст додааст».

Изҳороти намояндаи доими Русия дар Созмони Милал дар бораи Афғонистон дар шароите матраҳ шуда, ки ба думболи тасаллути Толибон бар ин кишвар, Амрико ва бархе муттаҳидонаш амвол ва дороиҳои Афғонистонро масдуд карданд.

Чанде қабл, “Мавлавӣ Абдусслом Ҳанафӣ”, муовини нахуст вазири ҳукумати муваққати Толибони Афғонистон Амрикоиҳо дар ҳоле, ки мушкилоти иқтисодии мардумро мебинанд, аммо ҳамчунон бар идомаи фишорҳои иқтисодӣ ба миллати Афғонистон таъкид дошта ва дороиҳои ин миллатро масдуд карда ва озод намекунанд.

Ин мақоми аршади Толибон афзуд: ба Амрикоиҳо эълом кардаем дар соири ҳавзаҳо ба ҷуз низомӣ ва амниятӣ метавонанд ҳамкорӣ кунанд, аммо гӯё онҳо аз амният ва истиқлоли ба вуҷуд омада дар Афғонистон хушҳол нестанд.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико чанде қабл дастури масдуд шудани 7 миллиард доллар аз дороиҳои Афғонистонро содир кард ва дастур дод, ки ин амвол масдуди шуда миёни қурбониёни ҳамалоти 11 сентябр ва кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон табдил шавад

Вазорати хориҷаи Чин дар вокуниш ба мусодираи дороӣ банки марказии Афғонистон аз сӯи Амрико, гуфт, ки сарватмандтарин кишвари ҷаҳон ба таври ошкор сарвати фақиртарин афродро ғорат мекунад.

Хуа Чунинг, аз сухангӯёни вазорати хориҷаи Чин гуфт, ки сарвати мардуми Афғонистон бояд дар замоне, ки ба шиддат ба онҳо эҳтиёҷ доранд бояд дар ихтиёр худашон бошад

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад