Ҳалокати 7 муҳоҷири тоҷик дар Русия

Дар натиҷаи як садамаи автомобилӣ, ки шоми дирӯз, 28 август дар шаҳри Санк- Петербурги Русия иттифоқ афтод, чор ҷавони тоҷик ба ҳалокат расиданд.

Дар натиҷаи як садамаи автомобилӣ, ки шоми дирӯз, 28 август дар шаҳри Санк- Петербурги Русия иттифоқ афтод, чор ҷавони тоҷик ба ҳалокат расиданд.

Ҳодиса соати 20:11 ба вақти маҳаллӣ дар дохили базаи меваю сабзавоти “Софийская овошебаза” рух додааст.

Расонаҳои русӣ иттилоъ додаанд, ки ронандаи мошини тамғаи “Chevrolet Lanos”, ҳангоми ҳаракат бо суръати баланд аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, ба як боркаши тамғаи Man бархӯрдааст.

Дар хабари расонаҳои русӣ омадаст :

“Дар ин мошин 5 шаҳрванди Тоҷикистон доштанд. Дар натиҷаи садама, ронандаи мошин, ки 23 сол дошт ва ду мусофираш, ки 20 ва 21 сол доштанд, дар ҷои ҳодиса ҷон бохта, ду мусофири дигари ҳардуяш 21-соларо бо ҷароҳатҳои зиёд ба бемористон бурдаанд. Вазъи якеи онҳо миёна ва дуюмӣ вазнин гуфта мешавад”.

Дертар расонаҳо аз марги нафари чаҳорум гузориш доданд.

3 нафар аз фавтидагон  зодагони деҳаи Зарнисор (собиқ Янгӣ-Ариқ) ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) буда, дар яке аз дӯконҳои базаи Софийская ба ҳайси боркаш кор мекарданд.

Эҳтимолан ному насаби 3 фавтида чунин аст:

1.Худойбердиев Сарвар, соли таваллудаш 1998.

  1. Ҳазратқулов Фаррух, соли таваллудаш 2001.
  2. Холматов Хушнуд, соли таваллудаш 2002.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар саҳифаи расмиаш дар “Фейсбук” бо тасдиқи ин хабар ҳамдардии худро ба наздикони фавтидагон расонидааст.

Дар иҳороти сафорат зикр мегардад, ки Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони фавтидагон ҷиҳати интиқол додани ҷасадҳо ба ватан омодааст.

Дар изҳороти сафорати Тоҷикистон дар Русия омадаст :

“Қазияи мавриди назар таҳти пайгирии cафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург қарор дорад”.

Гуфтанист дар шаш моҳи соли 2022 аз Русия ба Тоҷикистон ҷасади беш аз 450  шаҳрванди Тоҷикистонро овардаанд, аммо ҳукумати кишвар ва бахусус раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ кӯмак ва ҳатто ҳамдардие ба наздикони ин шарҳрвандони ғарибаш, ки буҷаи Тоҷикистонро мечархонанд, накардааст.

Соате пеш Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод, ки дар 925 километрии шоҳроҳи М5 дар наздикиҳои шаҳри Сизрани Русия 4 шаҳрванди Тоҷикистон ба садама дучор шудаанд.

Дақоиқе пеш расонаҳои Русия иттилоъ доданд ин садама дар натиҷаи бархӯрди мошини сабукрави муҳоҷирони тоҷик ба мошини боркаш рух дода, 3 нафар ҳалок ва 1 нафар сахт маҷрӯҳ шудаанд.

Аз ин ҷавонон Очилдиев Холбой Файзуллоевич (с.т. 2002) зодаи ноҳияи Носири Хусрав, Шукуров Садирдин Ёрибекович (1977), ноҳияи Шаҳритус, Зиёдалиев Аббосҷон Мақсудович (2002) ноҳияи Носири Хусрав, Сангаков Садурдин Наҷмудинович (2002)ноҳияи Рашт ном бурда мешавад. Маълум нест кадоме аз ин 4 нафар зинда мондааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад