Ифтитоҳи баландтарин масҷиди Анқара пас аз 11 сол

Сохтмони баландтарин масҷиди Анқара, пойтахти Туркия, ки меъмориаш бо интиқодҳо рӯбарӯ шуда буд, пас аз 11 сол анҷом ёфт.

Ин асар, ки аз дур ба як масҷиди болои як бинои истиқоматӣ монанд аст аксҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густарда бозтоб ёфтанд. Ҳоло ин масҷид пас аз ёздаҳ сол дар ниҳоят омодаи ифтитоҳ шудааст.

Пас аз кӯшиши ҷамъоварии маблағ барои анҷоми сохтмон, сохти масҷид ба анҷом расид. Ҳарчанд барои ороиши масҷид ва кушодани ошёнаҳои поёнӣ, ки ҳамчун дарсҳои Қуръон истифода хоҳанд шуд, кори бештар лозим аст, вале намозгузорон метавонанд дар ошёнаҳои боло намоз гузоранд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад