Пушти пардаи оддисозии равобити Судон ва режими саҳюнистӣ

 Ҷорд Кушнер, домод ва мушовири Доналд Трамп, раисҷумҳури собиқи Амрико, матолиберо дар бораи пушти пардаи оддисозии равобити Судон бо Исроил фош кард.

 Ҷорд Кушнер, домод ва мушовири Доналд Трамп, раисҷумҳури собиқи Амрико, матолиберо дар бораи пушти пардаи оддисозии равобити Судон бо Исроил фош кард.

 Ҷорд Кушнер дар китоби хотироти худ бо унвони «Breaking History» (шикастани таърих), ки ахиран нашр шуда, навиштааст: Майк Помпео, вазири корҳои хориҷаи собиқи Амрико, сафари вижае ба Судон дошт ва дар дидор бо раҳбарони гурӯҳҳои ҳоким бар ин кишвар бар эҳтимоли фароҳам шудани шароит барои пайвастани Судон ба тавофуқномаи Иброҳим таъкид кард.

 Кушнер афзуд: «Судониҳо мехостанд бисёре аз масоилро ҳал кунанд. Фавритарин дархости онҳо ин буд, ки аз феҳристи давлатҳои ҳомии терроризми Амрико ҳазф шаванд. Ҳузури ин кишвар дар ин феҳрист монеъ аз дарёфти кумак аз Иёлоти Муттаҳида мешуд. Судон кишваре буд, ки аз ҳамос ҳимоят мекард ва барои Усома ибни Лодан ва террористи Алқоида паноҳгоҳи амне эҷод карда буд; афроде, ки дар бомбагузориҳои маргбори сафоратхонаҳои Иёлоти Муттаҳида дар Кения ва Танзания дар соли 1998 ва ҳамла ба нови ҷангии Иёлоти Муттаҳида дар соли 2000 даст доштанд.

 Кушнер дар идома овардааст: «Судон дар изои ҳазф аз листи давлатҳои ҳомии терроризм, мувофиқат кард то 335 миллион долларро тибқи ҳукми додгоҳи қурбониён бомбагузориҳои 1998 ва 2000 бипардозад ва ҳамчунин бо оддисозии равобит бо Исроил мувофиқат кард.»

 Домод ва мушовири Трамп меафзояд: «изофа шудани Судон ба тавофуқномаи Иброҳим арзиши намодине ҳам дошт; дар соли 1967, пас аз пирӯзии Исроил дар ҷанги шаш рӯза, Иттиҳоди Араб дар пойтахт ташкили ҷаласа дода ва қатъномаи бадовозаи Хортумро содир кард. Дар ин санади кинаҷӯёна ба се «на» таъкид шуда буд: на ба сулҳ бо Исроил, на ба ба расмият шинохтани Исроил ва на ба музокира бо Исроил. Аммо бо талоши шадиди дипломатики Иёлоти Муттаҳида, Исроил ва Судон баёнияи муштараке содир карда ва бо оддисозии равобити Судон ва Исроил ва поён додан ба хусумат байни дутараф мувофиқат карданд. Бар асоси ин баёния, ду кишвар равобити иқтисодиро оғоз карда ва дар ҳафтаҳои баъд барои музокира дар мавриди заминаҳои билқувваи ҳамкорбӣ дидор мекунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад