Талафоти Амрико дар Украина боло рафт

Вазорати хориҷаи Амрико эълом кард, ки як шаҳрванди ин кишвар ахиран дар Украина ҷонашро аз даст дода аст.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар шароите, ки ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи Амрико ва муттаҳидон аз Украина ва фишорҳояшон алайҳи Русия идома дорад, Вашингтон аз марги як шаҳрванди амрикоӣ дар Украина хабар дод.

Аз Амрико хабар расида, ки як шаҳрванди амрикоӣ дар Украина ҷони худро аз даст дода ва вазорати хориҷаи Амрико дар ин бора баёния содир карда аст.

Ба гузориши хабаргузории Reuters, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико эълом кард, ки як шаҳрванди амрикоӣ ахиран дар Украина даргузашт.

Бино бар эъломи вазорати хориҷаи Амрико, мақомоти ин вазоратхона бо хонаводаи ин фард дар тамос ҳастанд ва дар ҳоли ироаи кумакҳои консулӣ мебошанд.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико афзуд: «мо ҳамчунин бори дигар таъкид мекунем, ки шаҳрвандони амрикоӣ ба далели даргириҳои мусаллаҳонаи фаъол ва ангушт гузоштан рӯи шаҳрвандони амрикоӣ дар Украина тавассути мақомоти амниятии давлати Русия, набояд ба Украина сафар кунанд ва шаҳрвандони амрикоӣ дар Украина бояд фавран бо истифода аз ҳар гуна гузина ҳамл ва нақли ҳавоӣ ва заминӣ ё хусусии дигар ин кишварро дар сурати эман будан тарк кунанд».

Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико аз баёни инки шаҳрванди ин кишвар дар чӣ замоне кушта шуд ё наҳваи марги ӯ чигуна буда, худдори кард.

Интишори хабари кушта шудани як шаҳрванди амрикоӣ дар Украина дар шароите анҷом шуда, ки мақомоти Русия борҳо дар бораи ҳузури муздурони хориҷӣ барои ҷангидан бо ин кишвар дар шарқи Украина сӯҳбат кардаанд.

Авоили моҳи гузашта буд, ки вазорати хориҷаи Амрико аз кушта шудани ду шаҳрванди ин кишвар дар Украина хабар дода буд. Ҳамин вазоратхона дар моҳи июн ҳам эълом карда буд, ки ду шаҳрванди амрикоӣ дар Украина кушта шуданд.

Аз замони шурӯъи ҷанги Украина, Амрико ва муттаҳидонаш илова бар ҳимоятҳои иттилоотӣ, молӣ ва таслиҳотӣ аз Украина, таҳримҳои сангинеро алайҳи Русия эъмол кардаанд.

Дар шароите, ки ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи давлати Ҷо Байден аз Украина дар баробари Русия идома дорад, натиҷаи як назарсанҷӣ аз коҳиши ҳимояти афкори умумии Амрико аз ин кумакҳо ҳикоят дорад.

Назарсанҷии муштараки “Reuters” ва муассисаи “Ipsos”, ки ахиран мунташир шуд, нишон медиҳад, ки танҳо 51 дарсад аз амрикоиҳо мувофиқи кумаки таслиҳотии кишваршон ба Украина ҳастанд

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад