Душанбе мизбони ҳамоиши байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон – Русия»

 Дар моҳи сентябри имсол дар шаҳри Душанбе ҳамоиши байналмилалии сармоягузорӣ бо номи «Тоҷикистон – Русия» баргузор мешавад.

Дар моҳи сентябри имсол дар шаҳри Душанбе ҳамоиши байналмилалии сармоягузорӣ бо номи «Тоҷикистон – Русия» баргузор мешавад.

Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, сафири Тоҷикистон дар Маскав бо Андрей Руденко, муовини вазири умури хориҷаи Русия дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор зимни ибрози ризоят аз вазъияти кунунии равобит чашмандози тавсеаи бештари ҳамкорӣ байни ду кишвар дар заминаҳои мухталиф баррасӣ шуд.

Ду тараф ҳамчунин дар хусуси масоили муҳими дастури кори минтақаӣ ва байналмилалӣ баҳс ва табодули назар карданд.

Сафири Тоҷикистон дар бахши дигаре аз ҳайати Русия барои мушорикат дар ҳамоиши байналмилалии сармоягузории ду кишвар, ки қарор аст дар моҳи сентябри имсол дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, даъват кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад