Афзоиши чашмгири хушунатҳои мусаллаҳона дар мактабҳои Амрико

Натоиҷи як гузориши ҷадид аз афзоиши чашмгири хушунатҳои мусаллаҳона дар мактабҳои Амрико хабар медиҳад.

 

Натоиҷи як гузориши ҷадид аз афзоиши чашмгири хушунатҳои мусаллаҳона дар мактабҳои Амрико хабар медиҳад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, гузорише, ки ба тозагӣ мунташир шуда нишон медиҳад мактабҳои Амрико дар соли таҳсилии 22-2021 шоҳиди вуқӯъи бештарин теъдоди ҳаводиси марбут ба шиллик бо аслиҳа тайи як даҳаи гузашта буда аст.

Як гурӯҳи хабарӣ ба номи “Everytown For Gun Safety”, гузориш дода теъдоди ҳаводиси марбут ба шиллик бо аслиҳа нисбат ба соли гузаштаи таҳсилӣ беш аз се баробар афзоиш ёфта аст.

Ин гурӯҳ, ки дар ростои коҳиши хушунати мусаллаҳона фаъолият мекунад дар ин гузориш тасреҳ кардаанд, ки байни 1 август 2021 то 31 май 2022, ҳудуди 193 «ҳодиса марбут ба шиллик бо аслиҳа» дар мактабҳои ибтидоӣ ва мақтаъи k-12 ба вуқӯъ пайваста аст.

Теъдоди ҳаводиси ин чунинӣ, ки дар соли таҳсилии 21-2020 гузориш шуда буд 62 ҷузъӣ буда аст. Болотарин рекорд марбут ба ин омор марбут ба соли таҳсилии 19-2018 буд, ки дар он 75 маврид сабт шуд.

Ин гурӯҳи хабарӣ аз соли 2013 ба ин су дар ҳоли расади хушунати мусаллаҳона дар мактаб аст.

Ин гузориш тасреҳ карда ҳаводисе, ки дар соли гузашта ба вуқӯъ пайваста ба кушта шудани 59 нафар бар асари тирандозӣ ва захмӣ шудан, 138 нафари дигар мунҷар шуд.

Дар ин гузориш, «ҳодисаи марбут ба шиллики аслиҳа» ба унвонии рӯйдоде таъриф шуда, ки дар он «як аслиҳа дар дохили муҳаввата ё ҳаёти мактаб ё ба самти он шиллик шуда аст.»

Тай солҳои гузашта даҳҳо тирандозӣ дар мактабҳои  Амрико ба вуқӯъ пайваста, аммо шумори афроди кушта шуда дар ин ҳаводис то куштори ҷамъе соли 1999 дар мактаби Калумбин дар Иёлати Колорадо так рақами буд. Аз он замон ба баъд шумори тирандозиҳое, ки куштаҳо дар он бештар аз 10 нафар буданд, афзоиш ёфта аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад