Кумаки низомии 10 миллиард долларии Амрико ба Украина

Кохи сафед ҳаҷми умумии кумакҳои низомиашро ба Украина ҳангоми раҳбарии Ҷо Байден, раисҷумҳури феълии Амрико расонаӣ кард

Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико, ахиран гуфт, ҳаҷми умумии кумакҳои низомии ИМА ба Украина дар даврони президентии Ҷо Байден аз 10 миллиард доллар бештар будааст.
Вазири хориҷаи Амрико ин изҳоротро дар чаҳорчуби эълони кумакҳои амниятии ҷадиди Вашингтон ба Украина дар ҳаҷми тақрибан 775 миллион доллар баён кардааст.

Блинкен гуфт: “Бо ин бастаи кӯмакҳо, ҳаҷми умумии кумакҳои низомӣ ба Украина аз оғози маъмурияти Байден тақрибан 10,6 миллиард долларро ташкил дод”.

Вазири хориҷаи Амрико таъкид кард, ки дар баробари Иёлоти Муттаҳида тақрибан 50 кишвар аз ҷумлаи “муттаҳидон ва шарикон”-и Вашингтон низ ба Киев дар таъмини амният кумак мерасонанд.

Энтони Блинкен афзуд: “Иёлоти Муттаҳида дар идомаи кумакҳояш ба Украина аслиҳаи изофӣ ироа хоҳад кард. Ин аслиҳаҳо барои таъсир ба вазъи майдони ҷанг ва таҳкими мавқеъи Украина дар сари мизи музокира равона шудаанд”.
Тавре як мақоми баландпояи Пентагон дар нишасти матбуотӣ ахиран гуфт, Иёлоти Муттаҳида ният дорад, ба дар ихтиёри Киев паҳподҳои навъи “Sky Eagle”, мушакҳои зиддитанкии “Javelin”, лавозимоти ҷангӣ барои системаҳои мушакии HIMARS ва силоҳҳои дигарро гузорад.
Илова бар ин, Пентагон эълон кард, ки имкони таъмини Украина бо силоҳҳои муоссирро меомӯзад. Ин иқдом имкон медиҳад “вазъ дар майдони ҷанг” дар манотиқи ҷануб ва шарқӣ кишвар тағйир диҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад