Душанбе мизбони ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва режими саҳюнистӣ

 Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз баргузории ройзаниҳои сиёсӣ байни кишвар ва режими саҳюнистӣ дар шаҳри Душанбе, хабар дод.

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз баргузории ройзаниҳои сиёсӣ байни кишвар ва режими саҳюнистӣ дар шаҳри Душанбе, хабар дод.

Ба мизбонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ройзаниҳои сиёсӣ байни кишвар ва режими саҳюнистӣ дар шаҳри Жушанбе баргузор шуд.

Ҳайати Тоҷикистон дар ин музокиротро Музаффар Ҳусайнзода, муовини вазири кориҷаи ин кишвар ва тарафи муқобилро Симуно Ҳолприн, мудири кул ва раиси депортмон кишварҳои АвуруОсиё ва Балкани вазорати умури хориҷаи режими саҳюнистӣ бар ӯҳда доштанд.

Дар ин музокирот вазъияти кунунӣ ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ, энергӣ, кишоварзӣ, гардишгарӣ ва ҳамчунин ҳамкории ду тараф дар чорчуби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки равобити дипломатик байни Тоҷикистон ва режими саҳюнистӣ дар 26 марти соли 1992 барқарор шудааст.

Режими саҳюнистӣ дар соли 1991 мелодӣ истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст.

Аз 2 марти соли 2022 раёсати сафорати режими саҳюнистӣ дар Тоҷикистонро Зовия ибни Ҳил бар ӯҳда дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад