Тасаллути Русия бар як минтақаи дигар дар “Донетск”

Вазорати дифоъи Русия аз тасаллути артиши ин кишвар бар як рустои дигар дар устони Донетск дар шарқи Украина хабар дод.

 

Вазорати дифоъи Русия аз тасаллути артиши ин кишвар бар як рустои дигар дар устони Донетск дар шарқи Украина хабар дод.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, вазорати дифоъи Русия имрӯз шанбе эълом кард, ки артиши ин кишвар муваффақ шуда як шаҳраки дигар дар Донетскро таҳти кантроли комили худ дар биёвард.

Бар асоси гузориши Алҷазира, низомиёни рус муваффақ шуданд бар шаҳраки Пески дар минтақа Покровск дар Донетск мусаллат шаванд.

Хабаргузории Рейтер, аммо мегӯяд, ки шибҳи низомиёни ҷудоӣ талаб ва артиши Русия як ҳафта пеш низ аз тасаллут бар Пески хабар дода буданд.

Вазорати дифоъи Русия ҳамчунин эълом кард, ки як сомонаи мушакии Химарси Амрикоӣ ва як анбори муҳиммоти марбут ба ин сомонаи ракетандозро дар наздикии шаҳри Краматорск дар устони Донетск мунҳадим карда аст.

Набард миёни артиши Русия ва Украина дар ҳоли ҳозир дар шарқ ва ҷануби шарқии Украина ва бар устони Донетск мутамаркиз аст.

Пеш аз ин шабакаи Роша Тудей, дар гузорише навишта буд, баррасиҳои анҷомшуда рӯйи мушакҳои зидди танки амрикоӣ дар Украина нишонгари амалкарди бисёр заифи он дар майдони ҷанг аст.

Асноди мунташир шуда тавассути ин шабакаи русӣ ҳоки аз ин аст, ки аз ҳар 11 мушаки Ҷавлини шиллик шуда, фақат 3 маврид ба ҳадаф бархурд карда ва дар 8 маврид ба хато рафта аст.

Роша Тудей дар гузориши худ оварда аст, Райтеон дар таблиғоти худ, бурди ин мушакҳоро ҳудуди панҷ километр эълом карда вале бруди мушакҳои Ҷавлин дар воқеъ нисфи ин адад аст.

Артиши Русия ба дархости ҷумҳуриҳои Добасс барои дифоъ дар муқобили ҳамалоти Украина, дар таърихи 24 феврали гузашта ба Украина ҳамла кард ва ҳадаф аз ин амалиёти низомиро нозӣ зудоӣ ва халъи силоҳи Киев эълом кард ва гуфт, ки қасд дорад зерсохтҳои низомии Украинаро ҳадаф қарор диҳад ва ба ҳеҷ унвон зерсохтҳои ғайринизомиро ҳадаф қарор нахоҳад дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад