Бишкек мизбони коршиносони вазоратхонаҳои аъзои Ҳамсуд

 Дар нишасти коршиносони кишварҳои узви Ҳамсуд, иқдомоти лозим барои баргузории нишасти Шӯрои вазирон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар нишасти коршиносони кишварҳои узви Ҳамсуд, иқдомоти лозим барои баргузории нишасти Шӯрои вазирон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин нишаст, ширкаткунандагон дар бораи омодасозии нишасти ояндаи шӯрои вазирони кишварҳои узви муштаракулманофеъ (Ҳамсуд), ки қарор аст аз 7 то 9 сентябр 2022 дар Чулпон-Ото баргузор шавад, баҳс ва табодули назар карданд.

Дар ин нишаст намояндагони полис аз вазоратхонаҳои кишвари Ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон ва ҳамчунин намояндагони дафтари ҳамоҳангии мубориза бо ҷурмҳои созмонёфта ҳузур доштанд.

Одилбек Бибосонов, муовини аввали вазири кишвари Қирғизистон дар суханони худ таъкид кард, ки қарор аст нишасти ояндаи намояндагони вазоратхонаҳои кишварҳои Ҳамсуд барои аввалин бор аз замони шурӯъи ҳамагирии бемории коронавирус ба шакли ҳузурӣ баргузор шавад, ки ин нишастҳо нақши бузурге дар эҷоди сулҳ ифо мекунад.

Вай афзуд: дар пасзаминаи ҷаҳонӣ шудан, чолишҳо ва таҳдидҳои модерн ниёз ба муқобилаи муштарак дорем ва дар ҳамин росто, нишасти вазирони кишвар мутобиқ бо илзомоти замона аст ва бояд дар оянда тақвият ва тавсеа ёбад, то субот ва сулҳ дар минтақаи мо ҳифз шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад