Афзоиши ҳудуди 24% дарсадии воридоти Тоҷикистон

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ каме бештар аз $3,5 млрд.ро ташкил додааст ва мисли ҳамеша содирот бамаротиб камтар аз воридот аст.

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ каме бештар аз $3,5 млрд.ро ташкил додааст ва мисли ҳамеша содирот бамаротиб камтар аз воридот аст.

Дар ҳамин ҳол афзоиши беш аз 24-дарсадии содирот ба қайд гирифта шудааст.

Ҳаҷми содирот дар ин муддат ба $1,2 млрд баробар шудааст, ки 0,1% ё $1,6 млн камтар аз ҳамин давари соли гузашта аст.

Воридот бошад бо афзоиши якбораи 24,2-дарсадӣ ба $2,3 млрд расидааст, ки  $447,2 млн бештар аз давари мушобеҳи соли қабл аст.

Шарикони асосии Тоҷикистон дар содирот Қазоқистон, Чин, Туркия ва Узбекситон будаанд.

Дар шаш моҳ ба Қазоқистон молу маҳсулот, ки қисмати асосиашонро маҳсулоти хоми нотайёр ташкил медиҳад, ба маблағи $245,1 млн содир шудааст. Дар ҳамин ҳол маблағи маҳсулоти воридшуда аз ин кишвар ба $397,1 млн баробар шудааст.

Гардиши мол байни Тоҷикистону Чин дар ин муддат ба $669,8 млн расидааст. Маблағи воридот аз ин ҳаҷм $447,4 млн.ро ташкил додааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Таҳримҳои Ғарб зидди Русия ва хориҷ шудани ширкатҳои амрикоӣ ва аврупоӣ сабаби афзоиши содироти Тоҷикистон ба Русия шуда аст.

Акнун содироти оби маъданӣ, хушкборимева ва сабзиҷоти Тоҷикистон ба бозори Русия бо афзоиши қобили мулоҳизаи ру ба ру шуда аст.

Алишер Шаҳиди, мудири ширкати тавлидии оби маъданӣ мавсум ба Сиёма мегӯяд, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ содироти ин маҳсулот ба Русия дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабол 25 дарсад бештар шуда аст, зеро муштариён дар ширкатҳои Маскав, Қазон, Санкт-Петербург, Ростов, Калуга ва Новосибирск аз ин маҳсули Тоҷикистон истиқбол карданд, ҳамчунин содироти хушкбори Тоҷикистон ба Русия дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 37 дарсад афзоиш ёфта аст.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон содироти гелос ва ангур ба Русия дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳ ба соли қабл афзоиши 20 дарсадиро нишон медиҳад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад