Ҳания ва Ал-Нахола: Муқовимат муттаҳид аст

Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ бар ваҳдати муқовимат дар муқобила бо режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ва шикасти дасисаи ин режим дар заминаи дар ҳам шикастани азм ва иродаи миллати Фаластин таъкид карданд.

 

Раис дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос ва дабири куллии Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ дар гуфтугӯи телефонӣ бар ваҳдати муқовимат дар муқобила бо режими ишғолгар ва шикасти душман дар заминаи дар ҳам шикастани азм ва иродаи миллати Фаластин таъкид карданд.

Ба гузориши хабаргузории маркази иттилоъ расонии “Фаластин”, “Исмоил Ҳания”, раиси дафтари сиёси ҷунбиши Ҳамос ва “Зиёд Ал-Нахола”, дабири кулли Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ, дар гуфтугӯи телефонӣ бар ваҳдати муқовимат дар муқобила бо режими ишғолгар ва ҷинояткори саҳюнистӣ ва шикасти стратегияи душман дар заминаи дар ҳам шикастани азм ва иродаи миллати Фаластин таъкид карданд.

Бар асоси ин гузориш, Исмоил Ҳания ва Зиёд Ал-Нахола, шаҳодати шуморе аз фармондаҳони гурдонҳои Қудс ва Фаластиниён дар даргириҳои 3 рӯзаи Ғаззаро тасалият гуфта ва таъкид карданд, ки хуни шуҳадо машъали роҳи озодии Фаластин хоҳад буд ва пас аз шаҳодати онон касони дигар парчами ҷиҳод ва муборизаро ба даст гирифта ва ин роҳро идома хоҳанд дод.

Ду тараф ҳамчунин дар мавриди даргириҳои ахир, паёмадҳои он ва роҳҳои тақвияти иқдомот ва ҳамоҳангии муштарак гуфтугӯ карда ва ҳамбастагӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои муқовимат дар майдони набардро сутуданд.

Раҳбарони Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ сабот ва пойдории миллати Фаластин ва муқовимати қаҳрамони он ва талошҳои сиёсии вогузор шуда дар арсаи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалиро ҳам сутуданд.

Тарафайн бар сари дидори қарибулвуқуъи раҳбарони ин ду ҷунбиш ба манзури баҳс ва баррасии охирин таҳаввулоти сиёсӣ ва майдонӣ ва тақвияти барномаи муқовимат дар оянда тавофуқ карданд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад