Саҳюнистҳо иштибоҳи Ғаззаро дар Лубнон такрор накунанд

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханоне эълом кард, ки муқовимати Лубнон ва Фаластин собит кард, ки артиши ишғолгар шикаст мехӯрд ва ҳайбаташ шикаста мешавад.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Сайидҳасан Насруллоҳ” дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханоне дар нуҳумин шаби муҳррам  эълом кард, ки муқовимати Лубнон ва Фаластин собит кард, ки артиши режими палиди саҳюнистӣ, ки ба заъми худ шикаст нопазир аст, шикаст мехӯрад ва залил мешавад ва ҳайбати он шикаста мешавад.

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон афзуд: таҷрибаи Ироқ, Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Яман, Сомалӣ, Венесуэла ва Куба нишон дод, ки Амрико ҳам, чӣ аз лиҳози сиёсӣ ва чӣ аз лиҳози майдонӣ шикаст мехӯрад.

Вай тасреҳ кард: бархе режимҳо саъй доранд моро мутақоид кунанд, ки режими Исроил кабутари сулҳ аст, дар ҳоле, ки ҷиноятҳо ва фаҷойеъи зиёдеро ин режими хунхор рақам зада аст.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон хотирнишон кард: бо ҷиҳоди табйин бояд моҳияти режими палиди Исроилро ба ҳама нишон дод ва ба дигарон собит кард, ки метавон дар баробараш истод.

Вай дар идома ба таҳаввулоти ҷории Ғазза ва идомаи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза ишора кард ва гуфт: ончи дар Ғазза иттифоқ рух медиҳад, як таҷовузи исроилӣ ва ҷинояти ошкор аст.

Сайидҳасан Насруллоҳ, таъкид кард, ҳар кас дар баробари ин ҷиноят сукут кунад маҳкум аст ва ҷиҳоди исломӣ ҳақ дорад посух диҳад ва аз худ дифоъ кунад.

Сайиди муқовимати Лубнон тасреҳ кард: Ҳизбуллоҳ таҳаввулотро пайгири мекунад ва ба таври мустамар ва доим бо фармондаҳони Ҷиҳоди Исломии Фаластин дар иртибот аст.

Вай ҳамлаи режими ҷинояткори саҳюнистӣ ба Ғаззаро иштибоҳи муҳосиботии режим хонд ва идома дод: режими саҳюнистӣ дар арзёбиҳо иштибоҳ кард ва тасаввур намекард Ҷиҳоди Исломӣ ба террор посух диҳад. Муқовимат бидуни шак дасти болоро дорад.

Сайидҳасан Насруллоҳ, ҳамчунин хитоб ба саҳюнистҳо гуфт: тавсия мекунам саҳюнистҳо ба худашон иҷозаи таҳдиди Ҳизбуллоҳро надиҳанд ва иштибоҳе, ки дар Ғазза муртакиб шудандро дар робита бо Лубнон такрор накунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад