Нисфи қарзи барқи Тоҷикистон пардохт шудааст

Ширкати Барқи Афғонистон, ки таҳти мудирияти ҳукумати Толибон қарор дорад мегӯяд, ки ҳудуди ними пули қарзи барқи Тоҷикистонро пардохт кардааст.

Асадуллоҳ Анъом, раиси молия ва идории ширкати давлатии Бришнои Афғонистон рӯзи гузашта дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, 79 миллион доллар ба Тоҷикистон барои воридоти неруи барқ қарздор буданд, ки то ҳол 39 миллион доллари онро пардохт кардаанд.

Ба гуфтаи Анъом, Толибон 6 миллион доллари дигар аз қарзҳои худ ба Тоҷикистонро дар ҳамин рӯзҳои ахир пардохт мекунад. Вай гуфт, мо аз Тоҷикистон аз аввали январ то ҳол ба арзиши 79 миллион доллар неруи барқ ворид кардаем, ки то ҳол 39 миллион доллари онро пардохт карда ва 39 миллион доллари он боқӣ мондааст.

Аммо Муҳаммадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” ба тозагӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ширкати барқрасони Бришнои Афғонистон ба Тоҷикистон 28 миллион доллар қарздор аст. Асозода илова кард, ки дар моҳи июли имсол ширкати Бришнои Афғонистон 2 миллион доллар ба ҳисоби бонкии ширкати Барқ тоҷик мунтақил кард.

Асадуллоҳ Анъом тавзеҳ надод, ки тафовути 12 миллион доллар дар гуфтаҳои раиси Барқи Тоҷикистон аз куҷо бархостааст.

Мақомоти ширкати барқи Бришнои Афғонистон мегӯянд, ин ширкат тавони пардохти қарзи худ ба Тоҷикистонро дорад, аммо мушкилоти бонкӣ сабаб шудааст то ширкати Бришнои Афғонистон натавонад тамоми қарзи худро пардохт кунад.

Афғонистон бахши зиёде аз барқи мавриди ниёзи худро аз Узбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ворид мекунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад