Амрико дар мавҷудияти Толибон, Ал-қоида ва ДИИШ чӣ нақше дорад?

Вақте, ки суҳбат дар бораи ҳимояти Амрико аз терроризм меравад, нигоҳҳои ду ҷониби даъво маълулан сатҳӣ ва кур-куронааст. Аз як тараф гуруҳе давлати Иёлоти Муттаҳидаро намунаи адолат ва мубориза барои демократия ва озодӣ мебинанд ва аз тарафи дигар гуруҳе бо истинод ба манобеӣ аз қабили суханони Трамп дар замони интихобот, бар ин боваранд, ки ҳатто ДИИШ-ро мустақиман худ Амрико ташкил додааст.

Намунаи ошкори ҳимояти мустақим ва ғайри мустақими Амрико аз терроризм ё даст задан ба терроризми давлатӣ дар минтақаҳое аз қабили Колумбия, Никарагуа, Куба, Косово, Ветнам, Эрон, Ироқ, Афғонистон, Яман, Либия, Покистон, Миср ва… кам нестанд; аммо дар мавриди гуруҳҳои ифротӣ дар чор даҳаи ахир, достон каме норавшан аст.

Амрико-ал-қоида-толибон-дииш

Дар ташкил, идомаи мавҷудият ва густариши ҳар се гуруҳи асосӣ яъне Ал-қоида, Толибон ва ДИИШ, Амрико нақши бисёр асосӣ дорад. Решаи тамоми ин гуруҳҳоро метавон дар амалётҳои Амрико дар Ғарби Осиё ба баҳонаи мубориза бо камунистӣ ё барқарории демократия ва озодӣ ҷустуҷу кард.

Инки оё натиҷаи фаъолиятҳои Амрико дар Ховари Миёна бештар ба афзоиши ин гуруҳҳо мусоидат кардааст ё нобудии онҳо, ҳисоб кардан ғайриимкон аст. Ба ин сабаб, ки рафтори давлати Амрико бо ин гуруҳҳо вобаста ба сиёсатҳои рӯзи онҳо дар ҳоли тағйир будааст.

Амрико-ал-қоида-толибон-дииш

Аммо сиёсатҳои Амрико дар Афғонистон, Ироқ, Яман, Сурия ва ғайра сабаб шудааст, ки ҳодисаҳои ногувортар аз истиқрори ҳукуматҳои камунистӣ ва тиктаторӣ рақам бихӯрад.

Амрико ба воситаи мудохилаҳояш дар ин кишварҳо қатъан муассиртарин бозигари давлатӣ дар ташкили ҳар се гуруҳи Ал-қоида, Толибон ва ДИИШ буда ва ҳадди ақал аз амалкарди ДИИШ ва Ал-қоида ба унвони абзоре ҷиҳати тазъифи рақибони минтақавӣ баҳраи бисёр бурдааст.

Амрико-ал-қоида-толибон-дииш

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад