Ҷойгоҳи дувуми Тоҷикистон дар дарёфти шаҳрвандии Русия

 Бар асоси гузориши Вазорати кишвари Русия, дар 6 моҳаи аввали соли ҷорӣ 74 ҳазору 162 шаҳрванди Тоҷикистон (тақрибан рӯзона 410 нафар) шаҳрвандии Русия, ин кишвари муҳоҷирпазирро дарёфт кардаанд.

Бар асоси гузориши Вазорати кишвари Русия, дар 6 моҳаи аввали соли ҷорӣ 74 ҳазору 162 шаҳрванди Тоҷикистон (тақрибан рӯзона 410 нафар) шаҳрвандии Русия, ин кишвари муҳоҷирпазирро дарёфт кардаанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз назари теъдоди афроде, ки дар нимаи аввали соли 2022 шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, пас аз шаҳрвандони Украина дар ҷойгоҳи дувум қарор гирифтанд.

Дар маҷмӯъ дар нимааи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 287.5 ҳазор шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ шаҳрвандии Русия, ин кишвари муҳоҷирпазирро дарёфт кардаанд, ки 204 ҳазору 820 нафар аз онҳо шаҳрвандони кишварҳои Шӯравии собиқ ҳастанд.

Теъдоди 104 ҳазору 168 нафар аз афроде, ки тобеияти Русияро дарёфт кардаанд, шаҳрвандони Украина ҳастанд. Украина аз назари дарёфти шаҳрвандии Русия дар ҷойгоҳи аввал ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар мавқеияти дувум қарор доранд.

Теъдоди шаҳрвандони Арманистон, ки тайи ин муддат тобеияти Русияро дарёфт карданд, 223 ҳазору 136 нафар эълом шудааст. Ба ин тартиб, Ереван дар мавқеияти севуми ин феҳрист қарор гирифтааст.

Баъд аз Арманистон, Қазоқистон бо 21 ҳазору 647 нафар, Узбакистон 13 ҳазору 99, Озарбойҷон 12 ҳазору 329, Қирғизистон 10 ҳазору 632, Беларус 8 ҳазору 853, Молдова 8 ҳазору 239, Гурҷистон ҳазору 840, Туркманистон ҳазору 549, Литва 137 нафар, Латвия 134 нафар ва Эстония 57 нафар дар раддаҳои баъдӣ қарор доранд.

Қобили зикр аст, ки як соли қабл теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки шаҳрвандии Русияро дарёфт карда буданд, ба миқдори 64 ҳазору 167 нафар бештар буд. Ин ба он маъност, ки шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ тобеияти Русияро дарёфт кардаанд, нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта 12 дарсад коҳиш ёфтааст.

Бинобар додаҳои Вазорати кишвари Русия, теъдоди шаҳрвандони хориҷии сабтиномшуда дар ин кишвар дар нимаи аввали солӣ афзоиш доштааст, ба тавре, ки дар 6 моҳаи аввали имсол ин шохис нисбат ба соли гузашта наздик ба 3 миллион нафар афзоиш ёфта ва ба беш аз 8 миллион нафар расидааст.

2 миллиону 156 ҳазору 25 шаҳрванди Тоҷикистон имрӯза дар Русия сабти ном карданд, ки аз ин теъдод як миллиону 774 ҳазору 34 нафар дар ҷустуҷӯи кор ба Русия омадаанд.

Дар 6 моҳаи соли 2022 мелодӣ 24 ҳазору 698 шаҳрванди Тоҷикистон иҷозати қомати муваққат ва 51 ҳазору 463 тани дигар иҷозати иқомат дар ин кишварро дарёфт кардаанд.

Бар асоси гузориши Вазорати кишвари Русия, дар соли 2021 мелодӣ 103 ҳазору 681 шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русия, ин кишвари муҳоҷирпазирро дарёфт карда буданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад