Вокуниши Толибон ба кушта шудани раҳбари Алқоида дар ҳамлаи амрикоӣ

Толибони Афғонистон ҳамлаи паҳподии амрикоӣ ба минтақаи Ширпури Кобулро бидуни таъйиди кушта шудани Иман Завоҳирӣ, раҳбари Алқоидаро ба шиддат маҳкум кард.

Толибони Афғонистон ҳамлаи паҳподии амрикоӣ ба минтақаи Ширпури Кобулро бидуни таъйиди кушта шудани Иман Завоҳирӣ, раҳбари Алқоида, дар пайи ҳамлаи амрикоиро ба шиддат маҳкум кард.

Ба нақл аз ал-Аҳд, Забиҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон имрӯз сешанбе ҳамлаи Амрико ба минтақаи Ширпур дар Кобул, пойтахти Афғонистон ва кушта шудани 10 тан дар минтақаи мавриди ҳадафро бидуни эъломи ҳувияти онҳо таъйид ва онро ба шиддат маҳкум кард.

Вай ин амалиёти амрикоиро иқдоми нақзкунандаи “Усули байналмилалӣ” ва тавофуқи 2020 дар бораи хурӯҷи неруҳои амрикоӣ донист.

Сухангӯи Толибон дар баёнияе гуфт: “Дар рӯзи дуввуми моҳи аввали соли 1444 ҳиҷрии қамарӣ ҳамлаи ҳавоӣ ба як манзили маскунӣ дар Ширпури Кобул шакл гирифт.”

Вай таъкид кард, ки моҳияти ин ҳодиса дар ибтидо фош нашуд. Сервисҳои амниятӣ ва иттилоотии давлати Толибон ин рӯйдодро баррасӣ карда ва дар баррасиҳои аввалияи худ дарёфтанд, ки ин ҳамла тавассути паҳподҳои амрикоӣ анҷом шуда аст.

Муҷоҳид ба баёни инки Толибон ин ҳамларо ба ҳар баҳонае, ки бошад, шадидан маҳкум мекунад, афзуд: «ин гуна иқдомот такрори таҷрибаҳои номуваффақи 20 соли гузашта ва носозгор бо манофеи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Афғонистон ва минтақа аст ва ба фурсатҳои дар дастрас осеб мезанад».

Расонаҳои амрикоӣ аз кушта шудани Иман Завоҳирӣ, раҳбари Алқоида дар ин ҳамла хабар доданд ва ин хабар расман тавассути Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико таъйид шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад