Сохти доруи муқобила бо коронавирус дар кишвар

Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи миллии улуми кишвар аз сохти доруе барои муқобила бо вируси ҳамагири коронавирус тавассути донишмандони кишвар хабар дод.

 

Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи миллии улуми кишвар аз сохти доруе барои муқобила бо вируси ҳамагири коронавирус тавассути донишмандони кишвар хабар дод.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Фарҳод Раҳимӣ”, раиси Академияи миллии улуми кишвар дар нишасти матбуотӣ дар мавриди бархе дастовардҳои донишмандони кишвар сӯҳбат кард.

Бинобар суханони вай, донишмандони тоҷик доруеро барои муқобила бо вируси ҳамагири коронавирус сохтаанд, ки пас аз дарёфти ҳаққи сабти ихтироъ, ҷузъиёти он ба умум иттилоъ расонӣ хоҳад шуд.

Фарҳод Раҳимӣ афзуд: дар ҳоли ҳозир танҳо метавон гуфт, ки таркиби ин дору шомили гиёҳи “Зуррати хӯшаӣ” аст ва он дамои баднро коҳиш ва дармони рияҳоро тасҳил мекунад.

Вай ҳамчунин гуфт: дар нимаи аввали соли 2022, донишмандони тоҷик дар 111 мавзӯъ, аз ҷумла дар заминаи риёзиёт, физик, оптека ва электроникаи квантӣ, эмении ҳастаӣ ва ташъшуъӣ таҳқиқот анҷом додаанд.

Раиси академияи улуми Тоҷикистон дар бахши дигаре аз суханони худ эълом кард, ки дар рӯзҳои 26-28 сентябри соли 2022 донишмандон, намояндагони академияҳои улуми кишварҳои мустақили муштаракул манофеъ дар шаҳри Маскав гирди ҳам меоянд то дар мавриди мушкили камбуди кадрхои илмӣ ва соир масоил актуалии илмӣ баҳс ва гуфтугӯ кунанд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт, (WHO) баровард карда аст, ки ҳамҳгирии коронавирус боиси марги тақрибан 15 миллион нафар дар саросари ҷаҳон шуда аст, ки танҳо дар Ҳинд чаҳор миллион ва 700 ҳазор марги ношӣ аз коронавирус рӯй дода, ки 10 баробари арқоми расмӣ эълом шуда аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад