Дастури Зеленский барои ақибнишинӣ ва тахлияи комили “Донбасс”

Раиси ҷумҳури Украина тайи фармони лозимулиҷро аз ҳамаи низомиён ва ғайринизомиён хост фавран минтақаи "Донетск"-ро, ки хатти муқаддами даргириҳо бо Русия аст, тахлия ва ақибнишинӣ кунанд.

 

Раиси ҷумҳури Украина тайи фармони лозимулиҷро аз ҳамаи низомиён ва ғайринизомиён хост фавран минтақаи  “Донетск”-ро, ки хатти муқаддами даргириҳо бо Русия аст, тахлия ва ақибнишинӣ кунанд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Владимир Зеленский”, раиси ҷумҳури Украина бомдоди якшанбе дастури ақибнишинӣ аз хатти муқаддами Донетск дар шарқи ин кишварро содир кард.

Владимир Зеленский, тайи фармони лозимулиҷро аз ҳамаи низомиён ва ғайринизомиён хост фавран минтақаи “Донетск”-ро,, ки хатти муқаддами даргириҳо бо Русия аст, тахлия ва ақибнишинӣ кунанд.

Ба навиштаи хабаргузории “Reuters”, вай дар як суханронии телевизионӣ, гуфт садҳо ҳазор нафар, ки ҳанӯз дар манотиқи ҷангӣ дар устони Донбасс ҳастанд, бояд онҷоро тарк кунанд.

Раиси ҷумҳури Украина бо баёни инки ба сокинони ин манотиқ ғаромат пардохт мекунад, изҳор дошт: «ҳар чӣ теъдоди мардуми бештаре ҳамин алон минтақаи Донбассро тарк кунанд, артиши Русия замон барои куштани афроди камтаре хоҳад дошт».

Владимир Зеленский ҳамчунин афзуд: «бисёре аз хурӯҷ худдори мекунанд, аммо ин кор бояд анҷом шавад. Агар фурсат доред, лутфан бо касоне, ки ҳанӯз дар манотиқи ҷангӣ  дар Донбасс мондаанд, сӯҳбат кунед. Лутфан онҳоро мутақоид кунед, ки бояд тарк кунанд».

Аз сӯи дигар, расонаҳои дохилии Украина ба нақл аз “Ирина Вершук”, муовини нахуст вазири ин кишвар, хабар доданд, ки тахлия бояд қабл аз шурӯъи замистон анҷом шавад зеро манобеи гази табиӣ минтақа нобуд шуда аст.

Пеш аз ин, “Дмитрий Песков”, сухангӯи Кохи Керемл бо баён инки Ғарб тамоюле барои додани имтиёз дар мавриди буҳрони Украина надорад, гуфт феълан имкони музокира бо Киев низ вуҷуд надорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад