Тавофуқи оташбаси Толибон ва Аҳмади Масъуд

Ба гуфтаи тими музокиракунандаи Аҳмади Масъуд бо давлати Толибон, ду тараф дар гуфтугӯҳои худ дар Чорикори вилояти Парвони Афғонистон бо оташбас то ба даст омадани натиҷа тавофуқ карданд.

Аҳмади Масъуд таҳти унвони “Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон” бо гуруҳи Толибон дар Панҷшер вориди набард шудааст.

Агарчи гуруҳи Толибон, ки аз ёздаҳ моҳи пеш муҷаддадан ба ҳокимият дар Афғонистон бозгаштааст, бо кумаки ҳавоӣ ва мушакии артиши Покистон муваффақ ба тасарруф Панҷшер шуд, аммо даргириҳо дар Панҷшер идома дошт ва пазириши гуфтугӯ бо ин ҷабҳа аз сӯи Толибон нишон медиҳад, ки гуруҳи Толибон ҳамчунон Аҳмади Масъуду шибҳинизомиёнашро мухолифе муассиру таъсиргузор бар таҳаввулоти Афғонистон медонад ва аз тариқи гуфтугӯ дар талош аст онро дар масири сулҳ қарор диҳад. Аммо ин ба маънои пазириши мухолифон ба мушорикат дар қудрат аз сӯйи Толибон нест.

Алии Воҳидӣ, коршиноси афғонистонӣ дар ин бора мегӯяд: “Ҳадафи мухолифон аз даргир шудан бо Толибони ҳузур дар қудрат бо ташкили давлати фарогир аст, ки аз дидгоҳи Толибон мавзуе надорад ва пазируфташуда нест”.

Тимҳои музокиракунандаи Аҳмади Масъуд ва Толибон дар ҳоле умедвор ба натиҷа ҳастанд, ки асосан дар мавриди меҳвари гуфтугӯҳо ихтилофи назари асосӣ доранд.

Толибон хоҳони канор гузоштани силоҳ аз сӯи Аҳмади Масъуд аст, аммо вай хоҳони тағйири сохтори сиёсии мадди назари Толибон ва ташкили давлати фарогир бо ҳузури ҳамаи ақвом ва гуруҳҳои сиёсӣ аст.

Бо ин ҳол тамоюли ду тараф ба гуфтугӯ баёнгари нигаронии онҳо аз паёмадҳои идомаи ҷанг аст, ки умдатан мутаваҷҷеҳи гуруҳи Толибон мебошад, ки ба унвони гуруҳи ҳоким мекӯшад худро ҳокиму мусаллат бар умури Афғонистон нишон диҳад.

Сайидҳусайни Ҳусайнӣ, коршиноси афғонистонӣ дар ин бора мегӯяд: “Толибон ба ҳеҷ унвон қасди шарик кардани дигар ақвом ва гуруҳҳои сиёсӣ дар қудратро надорад ва ҳамчунон нигоҳи инҳисоргароёна ба он дорад. Ин дар ҳолест, ки чунин сиёсати таҷрибаи шикастхӯрда дар Афғонистон, ҳатто дар давраи аввали ҳокимияти Толибон аст”.

Дар ҳар ҳол ба назар мерасад беш аз гуруҳҳои мухолиф Толибон ба ҳусули натиҷа бо онҳо ниёз дорад ва боистӣ ба гунае мавозеи худро дар музокирот тағйир диҳад, ки имкони ба даст омадани тавофуқ бо гуруҳҳои мухолиф эҷод шавад. Дар ғайри ин сурат гуфтугӯҳои бидуни ҳосил боиси талаф шудани вақт ва ҳалношуда мондани мушкилоти мардуми Афғонистон хоҳад шуд. Зеро ҷомеаи ҷаҳонӣ Толибонро ба унвони ҳокими ҷадиди ин кишвар шиносоӣ накардаву мавқеияти ин гуруҳ низ дар арсаи сиёсии Афғонистон он гуна ки Толибон интизор дорад, тасбитшуда нест.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад