Чин хитоб ба “Байден”: Касе ки бо оташ бози кунад хоҳад сӯхт

Кохи Сафед дар баёниае эълом кард русои ҷумҳури Амрико ва Чин дар тамосе, ки беш аз ду соат тӯл кашид ба баҳс ва табодули назар дар бораи масоили ҷаҳонӣ пардохтанд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Ҷо Байден”, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе бо раиси ҷумҳури Чин “Ши Ҷинг Пинг” ҳамтои худ гуфтугӯ кард.

Ба навиштаи хабаргузории “Reuters”, Кохи Сафед дар баёниае эълом кард тамоси телефонии раҳбарони Амрико ва Чин беш аз ду соат ба тӯл анҷомида аст.

Дар ин баёния омада аст, ин панҷумин тамоси телефонии Байден бо ҳамтоии чинӣ аз моҳи феврали 2021 ва вуруди ӯ ба Кохи Сафед маҳсуб мешавад.

Аз сӯи дигар хабаргузории “Спутник”, ба нақл аз телевизиони марказии Чин навишт, раиси ҷумҳури Чин хитоб ба ҳамтои амрикоӣ ҳушдор дод: «Касе, ки бо оташ бози кунад хоҳад сӯхт».

Ин расонаи чинӣ дар бораи тамоси Ши Ҷинг Пинг ва Байден эълом кард: «сарони ду кишвар гуфтугӯи амиқе дошта ва ба табодули назар дар бораи равобити Чин ва Амрико ва нигарониҳои муштарак пардохтанд».

Раиси ҷумҳури Чин ба ҳамтои амрикоӣ ҳушдор дод: «Чин сароҳатан бо мудохила дар умури Тайван мухолиф аст ва қотеъона аз ҳаққи ҳокимияти худ дифоъ мекунад».

Вебгоҳи шабакаи “CNN” дар бораи ин тамос навишт, Байден дар аввалин тамос бо Ши Ҷинг Пинг, дар бораи таомули муназзам миён ду тараф ба манзури эҷоди сабот дар равобити дуҷониба ибрози умедворӣ кард, аммо ҳабдаҳ моҳ баъд, равобит байни ду тараф вахимтар шуда ва ба камтарин ҳад тайи чанд даҳаи ахир расида аст.

Ин тамос дар ҳоле анҷом шуда, ки интишори ахбор, сафари “Ненси Пелоси”, раиси маҷлиси намояндагони Амрико ба Тайван, ҳушдорҳои тундеро аз сӯи Пекин ба думбол доштааст.

Бо тадовуми кумакҳои низомии Амрико ба Тайван ва сафарҳои мукаррари мақомоти амрикоӣ  ба ин ҷазира, ҳушдорҳои Чин низ ранг ва бӯи ҷиддитаре ба худ гирифтааст.

Ба гуфтаи расонаҳои амрикоӣ, мақомоти аршади Кохи Сафед ва Петагон дар бораи паёмадҳои ин сафар ба Пелоси ҳушдор додаанд, аммо натавонистаанд вайро мунсариф кунанд.

Reuters, ба нақл аз як фарди мутталеъ аз тамоси имрӯзи Байден ва Ши Ҷинг Пинг навишт, раиси ҷумҳури Амрико мӯътақид аст таомули ду раҳбар беҳтарин роҳ барои коҳиши танишҳо пиромуни Тайван аст.

Раиси ҷумҳури Чин рӯзи ҷумъа низ бо ирсоли паёме ба Ҷо Байден, ки ба вируси Корона мубтало шудааст барои вай орзӯи беҳбудӣ ва саломати кард. Ши Ҷинг Пинг дар ин паём ба Байдне гуфт: «бо хабар шудам, ки ба вируси Корона мубтало шудед барои шумо оризӯи беҳбудии ҳарчи сареътарро дорам».

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад