Таъкид ба ҳусни ҳамҷаворӣ дар гуфтугӯи Раҳмон ва Ҷабборов

Суҳбати президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳоле сурат гирифт, ки дар Бодканд гурӯҳи корӣ муайянсозии марз миёни ду кишварро баррасӣ дорад.

Суҳбати президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳоле сурат гирифт, ки дар Бодканд гурӯҳи корӣ муайянсозии марз миёни ду кишварро баррасӣ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш Содир Ҷабборов суҳбати телефонӣ анҷом додааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни суҳбат сарони ду давлат муҳиммияти пешбурди тамоми маҷмӯи муносибатҳои ду кишварро дар маҷрои ҳусни ҳамҷаворӣ ва созандагӣ таъкид намуданд.

Дар иттилоия омадааст: “Дар ин зимн, ҷиҳати тақвият бахшидани ин раванд, алалхусус дар ҷанбаҳои мубрами робитаҳои дуҷониба бар асоси саъю талошҳои муштарак изҳори умед карданд”.

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Қирғизистон зимни гузориш аз ин суҳбат таъкид намудаст, ки Раҳмон ва Ҷабборов барои идомаи муколамаи сиёсӣ тавофуқ кардаанд, ба таҳкими ҳамсоядории неку бародарӣ миёни ду давлату мардум равона шудааст.

Ин суҳбат дар ҳоле сурат гирифт, ки ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар Қирғизистон мулоқоти рӯбарӯ доштанд.

Ҳамчунин ҳамин шабурӯз мулоқоти навбатии гурӯҳҳои топографии ҳайатҳои ҳукуматии ҳарду давлат дар вилояти Бодканд ҷараён дорад, ки интизор меравад, 5 рӯз давом кунад. Муайянсозии

Ахиран Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Тоҷикистон низ дар бораи тавофуқнома бо ҷониби Қирғизистон дар қитъаи 80-километрии марз хабар дода буд.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Тоҷикистон манфиатдор ҳастанд, ки масъалаи таъйини хатти марз бо Қирғизистон ҳарчӣ зудтар ҳал карда шаванд ва таъкид карданд, ки ин кор пайваста сурат хоҳад гирифт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад