Сафари ҳайати Толибон ба Тошканд

Вазири хориҷаи Афғонистон барои ширкат дар нишасти байналмиллалии Афғонистон бо ҳамроҳии як ҳайат озими Тошканд пойтахти Узбакистон шуд.

Вазири хориҷаи Афғонистон барои ширкат дар нишасти байналмиллалии Афғонистон бо ҳамроҳии як ҳайат озими Тошканд пойтахти Узбакистон шуд.

Узбакистон пеш аз ин эълом карда буд, ки ба зуди як нишасти байналмиллалиро дар иртибот бо Афғонистон мизбони хоҳад кард.

Бар асоси гузориши расонаҳои хабарӣ, қарор аст ин нишаст ба муддати се рӯз бо меҳварияти Афғонистон баргузор шавад.

Ин нишаст дар ҳоле баргузор мешавад, ки бо бовари бисёри аз коршиносон, таҷрубаи гузашта нишон дод, ки нишастҳои ин чунин фоидаи чандони барои наҷоти Афғонистон аз буҳрон надошта аст.

Ба гуфтаи онҳо дар ин нишаст ниҳоятан масъалаи ба расмият шинохтани аз сӯи Афғонистон матраҳ хоҳад шуд, ки дар ҳоли ҳозир чунин омодагии дар сатҳи ҷаҳон вуҷуд надорад гузашта аз он кишварҳои минтақа ба вижа Узбакистон аз ноамниҳо ва ҳузури гуруҳҳои террористии дар Афғонистон бештар нигарон ҳастанд ва ин нишаст асосан ранги амнияти хоҳад дошт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад